МАШВАРАТ-ВОХӮРИИ СУДМАНД
Санаи 15-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори лексионии Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ машварат-вохурии намояндагони Раёсати ковтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” баргузор гардид.
Вохурӣ бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Қурбонбекова П.Қ. ҳусни оғоз ёфта, сипас муовини сардори Раёсати ковтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Раҳимзода Зафар Амирбек дар атрофи нақши ҷавонони кишвар дар бартараф намудани пайёмадҳои манфии ҷаҳони муосир маълумоти муфассал ироа намуданд. Қайд гардид, ки манфиатҳои геопалитикӣ вазъи ҷомеаи ҷаҳониро рӯз то рӯз мураккаб карда истодааст ва таъсири манфии он ба амнияти кишварҳои дигар таҳдид намуда истодааст. Ҳуҷумҳои иттилоотӣ вазъи пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосирро боз ҳам мушкилтар гардонида, хатарҳои терроризму экстремизм ва ифротгароӣ мафкураи аксарияти ҷавононро бештар халалдор менамояд. Инчунин, номбурда вобаста ба истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва саҳми ҷавонон дар бартараф намудани пайёмадҳои манфии ҷаҳони муосир ибрози ақида намуданд.
Сардори шуъбаи кушодани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини Раёсати ковтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Шарифзода Сулҳиддин Саидқул, муовини сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино, подполковники милитсия Алимардонзода Дилшод Қурбоналӣ, сардори шуъбачаи ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ШВКД-и ноҳияи Сино, подполковники милитсия Убайдов Ширинбек Сафарович дар суханрониҳои хеш аз фаъолияти назарраси ҷавонон изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки минбаъд низ ҷавонон-донишҷӯён ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, пойдории арзишҳои миллӣ ва суботи сиёсӣ намунаи ибрат бошанд. Дар охири машварат-вохӯрӣ байни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифт ва донишҷӯён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.