ДУШАНБЕ – ШАҲРИ САЙЁҲӢ
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусу иқдомоти наҷибу созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз пойтахти мамлакат ба шаҳри мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ табдил ёфтааст. Барои шинохти таъриху фарҳанг ва аз наздик дидани пойтахти Тоҷикистон сайёҳони хориҷӣ таваҷҷуҳ зоҳир менемоянд. Душанбе қалби Тоҷикистон ва хонаи умеду орзуҳои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Ин шаҳри зебо баробари соҳибистиқлолии мамлакат марҳила ба марҳила пешрафтаву диққатҷалкунанда гардида истодааст. Самараи талошҳои доими роҳбарияти давлат ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аст, ки имрӯз шаҳри Душанбе ба бонуфузтарин чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва таваҷҷуҳи оламиён ба он ҳамарӯза меафзояд. Шаҳри Душанбе ба шаҳри сабз табдил ёфтааст. Имконияти васеъ барои сайру сайёҳат ва истироҳату фароғат тайи солҳои охир бо диди муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзи ҷаҳон муҳайё гардида, таҷдиди инфрасохтори зарурии соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоно идома дорад. Тибқи маълумот ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон, хусусан, ба шаҳри Душанбе нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб зиёд гардидааст, ки натиҷаи заҳмату талошҳои созанда ва бунёдкорона аст. Ҳар сайёҳе, ки имрӯз ба Душанбе ташриф меорад, аз муосиртарин шароит баҳравар мегардад ва ба худ таассуроти нек мебардорад. Шабонгаҳ манораву иморат, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, фаворраҳои шуху дилангез, биноҳои баландошёна ва кӯчаву роҳравҳои пойтахти мамлакат бо чароғҳои замонавӣ ва рангомезии хос таъби ҳар бинандаро болида мегардонад. Фазои ором ва хушнудии сокинон мояи таваҷҷуҳи эътимоди оламиён гардидааст. Дар рейтинги амнтарин шаҳрҳои олам мақоми сазоворро соҳиб шудани Душанбе мояи ифтихору сарфарозии мо мебошад. Пешрафта гардонидани шаҳри Душанбе масъулияти ҳар сокини шаҳр мебошад. Аз ин хотир зарур аст, ки барои рушди ҳамаҷонибаи пойтахти мамлакат ва муаррифии бештари он дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҳарвақта дида имрӯз бештар бояд талош намоем.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигори Хадамоти ректор