АНҶИР ВА АҲАМИЯТИ ОН
Анҷи́р, ё тин (лот. Fícus cárica) — як навъ бутта ё дарахти хазонрези субтропикист. Дар Тоҷикистон анҷир аз замонҳои қадим парвариш карда мешавад. Он дарахти равшанипарвар ва гармидӯст аст. Анҷирро тар мехӯранд, мехушконанд, аз он мураббо, консерв, полуда (ҷем) ва ғайра тайёр мекунанд. Моддахои гизои пуркимат на танхо дар мевахои анчир, балки дар барги ин растании ачоиб низ мавчуданд.
Анҷири тар 12 — 18 % ва анҷири хушк 55 — 70 % қанд, инчунин сафеда (6 %), оҳар (3 %), пектин (5,4 %), витаминҳои A, B1, В2, С, намакҳои органикӣ, оҳан, фосфор (263 мг%), калий (1161 мг%), калсий, мис, магний (117 мг%), гликозидхои антосиани, кислотахои пантотени ва фолий дорад. Дар баргхои растани фурокумарин, псорален ва бергаптен, танинхо, моддахои катрондор, кислотаи аскорбин, рутин ва равгани эфири мавчуд аст.
Анҷир таъсири исхоловар, пешоббарор ва балғамронанда дошта, сатхи холестеринро дар хун паст мекунад. Дар тибби халқӣ реша, шираи тана, барг ва меваи анҷирро барои табобати беморихои гуногун истифода мебаранд. Ниёгони мо бо анҷир бемориҳои зиқи нафас, сурфаи музмин, камхунӣ, бемадории организм, тапиши дил, бемориҳои меъда, ҷигар, гурда, сипурз ва ғайраро муолиҷа мекарданд. Абуалӣ ибни Сино истеъмоли анҷирро ба одамони солхӯрда ва ашхоси аз бистари бемории вазнин хеста тавсия медиҳад. Меваи анҷир хосияти арақу пешобронӣ дорад. Ҷӯшоби баргҳои наврустаи анҷир давои хуби киҷҷарон аст. Тухми анҷир исҳоловар мебошад. Дар «Махзану-л-адвия» омада, ки «Беҳтарини анҷир ширини шодоби он аст, ки хоҳ сафед бошад ва хоҳ сиёҳ. Сафеди он ҷиҳати хӯрдан ва сиёҳи он ҷиҳати даво беҳтар аст. Анҷир серғизо, зудҳазм, таскиндиҳандаи ҳарорат ва ташнагӣ мебошад. Ва чун ношто бихӯранд, маҷории ғизоро кушода намояд ва баданро фарбеҳ созад ва хӯрдани он пеш аз таом талъини батн намояд, шикамро мулоим гардонад». Чушоби баргхои хушк ва решаи анҷирро ҳангоми заъфи меъда, ҷушоби меваашро барои муолиҷаи бемориҳои гурда, чакмезаки ва камхунӣ истифода мебаранд. Чойи анҷиркок дарди гулӯро рафъ менамояд. Меваи дар шир ҷӯшондаи онро барои муолиҷаи назлаи сахти роҳҳои болоии нафас, бронхит, нойи нафас, захми меъда, қабзияти музмин, рафъи дарди санги гурда ва чун воситаи тозакунандаи хун, балғамовар, пешоброн тавсия медиханд. Тухми анҷир давои исхоловар аст. Шираи анҷирро барои муолиҷаи ҷароҳат ва гармича истифода мебаранд. Бино ба маълумоти Чолинус анҷирқоқ меъдаро тоза мекунад. Ба ақидаи Абуали ибни Сино истеъмоли анҷир дар наорӣ, хусусан якчоя бо чормағз ва бодом барои организм судбахш аст. Қабзияти ҷигару сипурзро мекушояд, барои гурда ва масона нафъ меорад, реги гурдаро меронад, бемории саръро шифо мебахшад, ранги руйро тоза мекунад, думбалро «мепазонад». Барги анҷир барои илочи шукуфа нафъ дорад; онро ҳангоми саглес ва захмҳои гуногун истифода мекунанд.
Аз ҷиҳати илмӣ исбот карда шудааст, ки истифодаи онхо ба саломатии инсон нафъи калон мебахшад, хавфи касалии дилро кам мекунад.
Насруллоева Малика Хусейновна-
муаллими калони кафедраи фармакология