ЛИБОСИ МИЛЛӢ- НИШОНИ ФАРҲАНГУ ТАМАДДУНИ МИЛЛАТ АСТ


ЛИБОСИ МИЛЛӢ- НИШОНИ ФАРҲАНГУ ТАМАДДУНИ МИЛЛАТ АСТ

Либоси миллӣ яке аз рукнҳои фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст. Таърих гувоҳ аст, ки зан -модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори ойину анъанаҳои муқаддаси миллат буд, инчунин, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Ба хотири ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ аксияи “Тоҷикона мепӯшем” баргузор гардида истодааст. Дар ин миён бонувону донишҷӯён низ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз фарҳангу тамаддуни оламшумули хеш, либоси атласу адрас ва чаканро ба бар намуда, дар аксияи “Тоҷикона мепӯшем” фаъолона ширкат варзиданд. Санаи 24.04.2024 як гурӯҳи бонувону донишҷӯёни МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” дар барномаи “Дугонаҳо” дар мавзуи “Фарҳанги арзишгоҳи миллӣ, пӯшидани либосҳои миллии тоҷикона ва пешгирӣ намудани насли ҷавон аз хурофотпарастию бегонапарастӣ” иштирок карда, фикру андешаҳои худро иброз намуданд.


27.04.2024 372

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php