ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МУҲАҚҚИҚ ВА ИХТИРОЪКОРИ ҶАВОН”


ҶАМЪБАСТИ  ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МУҲАҚҚИҚ ВА ИХТИРОЪКОРИ ҶАВОН”

Санаи 24-уми апрели соли ҷорӣ, даври ҷамъбастии озмунҳои ҷумҳуриявии “Магистранти сол” ва “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” бо маросими ҷоизасупорӣ дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе бахшида ба рӯзи Илми Тоҷик баргузор гардид. Дар ҷоизасупории мазкур Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Р.Ҳ., Президенти АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода ва дигар намояндагони соҳаи илму маорифи кишвар ширкат варзиданд.

      Докторантони кафедраи бемориҳои ҷарроҳии № 1-и ба номи академик Қурбонов К.М.-и МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино”, Ғаниев Алиёр Эшмуродович ва Аюбов Ҷамшед Қосимович дар озмуни болозикр сазовори ҷойи якум гардиданд. Номбурдагон бо дипломҳои дарҷаи 1-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шудаанд.

      Бо дастури ректори Донишгоҳ, профессор Гулзода М. Қ. ғолибони озмуни мазкур дар арафаи ҳафтаи ҷавонон низ қадрдонӣ карда мешаванд.

 

      Раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ ғолибони озмуни ҷумҳуриявиро ба муносбати чунин дастоварди арзанда табрику муборакбод менамоянд.

 

ШУЪБАИ ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ ИЛМӢ


26.04.2024 323

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php