“ҶАШНИ НАВРӮЗ – ОМИЛИ МУҲИМИ ВАҲДАТУ ЯГОНАГӢ”


“ҶАШНИ НАВРӮЗ – ОМИЛИ МУҲИМИ ВАҲДАТУ ЯГОНАГӢ”

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ анъанаву суннатҳои ниёгон эҳё гардида, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои Сада, Меҳргон ва Тиргон аз нав эҳё гардида, Наврӯзи оламафрӯз мақоми байналмилалӣ гирифт. Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ, адабӣ ва фарҳангӣ бармеояд, пайдоиши Наврӯз ба замони шоҳ Ҷамшед марбут буда, панҷуним ҳазор сол инҷониб ҳамчун рӯзи хуҷаста ва ҷашни шодиву нишот таҷлил мегардад. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидони тамаддуни халқҳо ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму оин, фарҳагу таърих ва ниҳоят Ватан будааст. Эронитаборону тоҷикон ин ҷашнро аз қадим, хусусан дар давраи давлатдории Ҳахоманишиён ва Сомониён васеъ ҷашн мегирифтанд. Дар бораи пайдоиши Наврӯз дар китобҳои Шоҳномаи безаволи Фирдавсӣ, Осор – ул – боқияи Берунӣ ва Наврӯзномаи Умари Хайём ба таври муфассал омадааст. Боиси хушнудист, ки ҷашни ниёгони моро СММ дастгирӣ намуда, барои ҷаҳонишавии он рухсат дод. Аз ин рӯ, Наврӯз ҷашни ниҳоят муборак буда, дар моҳи фарвардин, ки маънои пок, озода, қудсӣ ва муқаддасро дорад, таҷлил мегардад. Наврӯз дар давоми таърихи чандинҳазорсолаи хеш бурду бохти зиёдеро аз сар гузаронда, ҳамчун рамзи безавол бо мазмуну мӯҳтавои зиндагисози худ то имрӯз ҳангоми аз бурҷи Ҳут ба бурҷи Ҳамал ворид шудани офтоб ва фарорасии рӯзи эътимоди баҳорӣ бо номҳои иди нав, рӯзи нав, оғози сол, эҳёи табиат ва бедории замин, аз канорҳои Вароруд то Халиҷи форс ҷашн гирифта мешавад.

Ба хотири бузургдошти ҷашни Наврӯз санаи 10.03.2023 дар кафедраи нигақдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибби ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино тибқи нақшаи мавзуӣ-тақвимии дарсҳои кураторӣ бо донишҷӯёни курси 2 гурӯҳҳои куратории 1, 2 ва 3-уми факултаи тиббӣ-профилактикӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз таҳти унвони “ҶАШНИ НАВРӮЗ – ОМИЛИ МУҲИМИ ВАҲДАТУ ЯГОНАГӢ" чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ ҳайъати устодони кафедра ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

Чорабиниро муаллимаи калони кафедра Нуриддинова Н. Н., ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки аз соли 2010 Наврӯзи хуҷастапай бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии як қатор кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмиллалӣ эътироф гардид, ки имрӯз дар сартосарии ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯзи хуҷастаро метавон ҳамчун яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод кард.

Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад.

 

Кафедраи нигақдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб


10.03.2023 244

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php