ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА БАРГУЗОР ГАРДИД


ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз, 26.11.2022 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо мақсади саҳм гузоштан дар ҳифз ва таъмини саломатии шаҳрвандон ва тозаю озода намудани муҳити таълиму табиат бо иштироки кормандони бахши хоҷагӣ ва омӯзгорону донишҷӯён ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид. Дар ин ҳашар иштирокдорон дар тозаю озода намудани дохил, саҳн, боғгулгаштҳо, гирду атрофи Донишгоҳ, аз ҷумла, бинои асосии маъмурию таълимӣ, Маркази ташхисию табобатӣ, Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”, Маҷмааи нави таълимии шаҳраки “Шифобахш”, Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии “Стоматология” хобгоҳҳо ва дигар воҳидҳои сохтории Донишгоҳ воқеъ дар ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе саҳм гузоштанд. Кормандон ва омӯзгорону донишҷӯён дарахтон, буттаву гулҳо ва сабзазорҳоро ба тартиб дароварда, сабзазорҳо, гулгаштҳо ва обгузарҳоро аз баргҳои хушкшударехтаи дарахтон ва дигар партобҳо тоза намуданд.

Пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе хеле зебою тамошобоб шудааст ва биноҳои хушнамуди Донишгоҳ зебоии онро дучанд менамояд. Тозагиву поккорӣ, ободиву созандагӣ, зебо гардонидани муҳити зист, зинда гардонидану арзи ҳастӣ бахшидани табиат барои таъмини ҳаёти солим манфиатовар буда, зарур аст, ки муҳити зистро ҳамеша поку тоза нигоҳ дорем. Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо баргузории шанбегию ҳашарҳои дастаҷамъона ва аксияҳои тозагии муҳити зист дар ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани шаҳри зебоманзари Душанбе ҳамеша саҳм мегузоранд.

 

Хадамоти ректор


10
9
8
7
4
3
2
1
26.11.2022 544

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php