ТАҶЛИЛИ РУЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР МАРКАЗИ ТАШХИСИЮ ТАБОБАТИИ МДТ «ДДТТ БА ННОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО»


ТАҶЛИЛИ РУЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР МАРКАЗИ ТАШХИСИЮ ТАБОБАТИИ МДТ «ДДТТ БА ННОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО»

Имрӯз, 23.11.2022 дар Маркази ташхисию табобатии МДТ «ДДТТ ба нноми Абуалӣ ибни Сино» чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ табиби уролог Юнусов Ҳ.А. бо маърӯза оид ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд кард, ки рамзҳои давлатӣ ифтихори миллати сарбаланду соҳибтамаддуни тоҷик буда, далели давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таҷҷасумгари ифтихори миллӣ, нангу ори ватандорӣ мебошад. Парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳри ватандорию хештаншиносии ҳар як шаҳрванди мамлакатро афзунтар менамояд.

Дар ҳақиқат, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ буда, истифода, ҳимояву ҳифз ва мустаҳкамии он бо асосҳои қонунгузории амамлкунандаи мамлакат танзим мегардад. Атрибутҳои Парчами давлатӣ ва асолати гузаштаву имрӯзаи он шоистаи васф аст, зеро Парчами давлатӣ рамзи садоқат, рафоқат, фахру ҳувияти миллати куҳанбунёди тоҷик буда, дар замони муосир халқи тоҷик бо корномаҳои таърихию мондагор таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамин Парчам дар ҷаҳон муариифӣ гардидааст. Саъю талошҳои халқи тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири оини парчамдориву парчамбардорӣ имкон дод, ки фазои оромии Ватан ва суботи ҷомеа барқарору ояндаи неки мо таъмин гардад ва давлату миллати тоҷик дар ҷаҳон муаррифии шоиста шавад.

Парчами давлатӣ нишони давлати ташшакулёфтаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нишонаи сулҳу иттиҳоди абадияти халқи сарбаланди тоҷик бар фарози сарзамини аҷдодиамон ҳамеша парафшон бошад.

Нурзда З.М.

директори Маркази ташхисию табобатии МДТ
“ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”
н.и.т., дотсент



23.11.2022 414

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php