Растаниҳои шифобахши Тоҷикистон ва тарзи истифодаи онҳо дар соҳаи тиб ва тандурустии ҷамъиятӣ.


Растаниҳои шифобахши Тоҷикистон ва тарзи истифодаи онҳо дар соҳаи тиб ва тандурустии ҷамъиятӣ.

Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» санаи 16-уми ноябри соли 2022 аз ҷониби ассистентони кафедра Кадирова М. Р. ва Ашурова Н.П. дарси кушод дар мавзӯи: «Растаниҳои шифобахши Тоҷикистон ва тарзи истифодаи онҳо дар соҳаи тиб ва тандурустии ҷамъиятӣ» бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси 3-юм гурӯҳҳои 14, 15, ва 69-уми факултети тиббӣ гузаронида шуд. Маърӯзаро дониҷӯёни гурӯҳи 69-ум Тургунов Авазбек, Саидзода Шафоат ва Чоршанбиева Санавбар пурмазмун пешкаши ҳамагон намуданд.

       Олами набототи Тоҷикистон хеле бой аст. Дар он зиёда аз 5 ҳазор намуди растанӣ мерӯяд. Қисми зиёди онҳо аҳамияти хоҷагӣ доранд.

      Дар байни олами наботот растаниҳои мевадеҳ, ороишӣ, шифобахш (доругӣ) ва ғайра хеле бисёранд. Аз 1500 намуди растаниҳои доруворӣ ҳамагӣ 145 намудро дар тиб истифода мебаранд.

    Дар Тоҷикистон зиёда аз ҳазор намуди гиёҳҳои шифобахш мавҷуданд, ки қисми зиёди онҳоро растаниҳои доругӣ ташкил медиҳанд. Дар байни онҳо барги зулф (зуф), ангур, бедгул, биҳӣ, бодом, газна, гули офтобпараст, дӯлона, занҷабил, зардчуба, зарпечак ё худ зардпечак, зира, испанд, каду, кокутӣ, наъно, пиёзи ансул, пудина, себарга, чормағз ва дигар растаниҳо аҳамияти беандоза доранд.

 

Сабаби шифобахш будани растаниҳо.

    Растаниҳо дар таркиби худ бисёр моддаҳои химикиро ҷудо мекунанд, ки олами ҳайвонот ин моддаҳоро дар таркиби худ надоранд. Барои фарқ кардани кадом моддаҳо дар таркиби растаниҳо роли шифобахшро мебозанд, дар фармакогнозия ин моддаҳоро ба 3 қисм тақсим мекунанд: таъсиркунанда, ҳамроҳ, нодаркор.

   Хусусиятҳои шифоии барги зуф: дар тиб баргҳои барги зулф ва тухмаш истифода бурда мешавад. Абуалӣ ибни Сино бо барги зулф бисёр касалиҳоро ҳамчун: ҷойҳои сӯхта шуда, захмҳои чуқур, варамҳо, касалии чашмҳо, дарди дандон ва дигар касалиҳоро табобат мекард. Шираи барги зулф ҷигар, гурда , сиёҳлабакро боқувват, дар онҳо ҷойҳои маҳкамшударо мекушояд. Барги зулфро дар об ҷӯшонида даҳонро обгардон мекунанд, ки ин зидди дарди дандон, варами гӯштҳои дандон ва дигар касалиҳо ба ҳисоб меравад.

   Хусусиятҳои шифоии ниёзбӯ: дар тибби қадим халқҳои Осиёи Миёна ниёзбӯйро барои қувват додани кори дил, барои камхунӣ, барои муътадил кардани системаи ҳазмкунии организми одам, барои мустаҳкам намудани кори асаб ва бисёр касалиҳои дигар истифода мебурданд.

  

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона


21.11.2022 409

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php