ТАШАККУЛИ СИФАТҲОИ АХЛОҚИЮ МАЪНАВИИ ДОНИШҶӮЁН–ТАБИБОНИ ОЯНДА ДАР МИСОЛИ КОРНАМОИҲОИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ


ТАШАККУЛИ СИФАТҲОИ АХЛОҚИЮ МАЪНАВИИ ДОНИШҶӮЁН–ТАБИБОНИ  ОЯНДА ДАР  МИСОЛИ  КОРНАМОИҲОИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Ба ифтихори таҷлили 77 –умин солгарди   Рӯзи Ғалаба бар фашизм, барои поси хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, устодони МДТ “ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бахшида мешавад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханрониашон дар Паёми шодбошӣ ба ифтихори таҷлили 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизми Германия қайд намуданд, «Ҳар сол мардуми сулҳдӯсти сайёра, аз ҷумла, мо – сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол - даҳшати ин ҷанги хонумонсӯзро ёдоварӣ намуда, 9-уми майро ҳамчун санаи таҷлили корномаи мардони далеру шуҷоъ ба муқобили фашизми гитлерӣ ҷашн мегирем. Дар ҳақиқат, Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи инсоният аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳо ба ҳисоб рафта, оқибатҳои даҳшатбори он то ҳанӯз дар ҷисму қалби   мардуми сайёра эҳсос мегардад. Бояд гуфт, ки дар таъмини ин ғалабаи таърихӣ ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд». Инчунин Сарвари давлвт таъкид менамоянд, ки «Мо бояд наслҳои имрӯзаро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳисси баланди мил­лӣ, сулҳпарвариву башардустӣ ва ободкориву созандагӣ тарбия кунем ва ба камол расонем. Ҳамчунин, мо бояд бо тамоми халқу миллатҳо ва пеш аз ҳама бо мардумони минтақа ва ҳамсояҳои наздики худ ҳамеша дар фазои сулҳу оромӣ, дӯстиву ҳамкорӣ ва эҳтироми якдигар зиндагӣ кунем».

 

Имрӯзҳо ташаккулёбии сифатҳои ахлоқию маънавии шахсияти ҷавонони донишҷӯ яке аз муҳимтарин вазифаи соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, ки дар ин раванд нақши омӯзгор хеле муҳим аст. Бояд қайд кард, ки тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон, бахусус донишҷӯён дар тамоми ҳаёти инсоният мақсади аввалиндараҷа маҳсуб мешавад, зеро асоси ҷомеаро одоб ва маънавият ташкил медиҳад.

Чӣ хеле, ки маълум аст, дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо – тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Бояд қайд кунем, ки қахрамониву матонат, далериву шуҷоат ва ғайрату ҳиммати он ҷанговароне, ки барои имрӯзу фардои осудаи мо, осмони софу беғубор, хандаҳои беғаши кӯдакон ҷоннисорӣ намудаанд ҳаргиз аз хотираи одамон зудуда намегарданд. Онҳо дар авроқи таърихи Ватан ва саҳифаҳои заррини зиндагиномаи халқ ҷовидона нақш бастаанд.

Ҳукумати Шуравӣ 22 июни 1941 ба халқ муроҷиат карда, ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияро ба Иттиҳоди Шуравӣ хабар дод ва халқро даъват намуд, ки тамоми неруро барои торумор кардани душман равона созад. Аз тамоми гӯшаю канори мамлакат одамон бо амри виҷдон ба ҷанг мерафтанд, намехостанд, ки Ватан ва аҳли оилаи онҳо ғуломи фашистон шаванд.

Боиси сарфарозист, ки якчанд нафар иштирокчиёни фаъоли Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 намояндагони соҳаи тандурустии Ҷумхурии Тоҷикистон буда, дар дифои Ватани азизамон чонбозиҳои бемислу монанд нишон додаанд. Аз таърих маълум аст, ки вақте Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт, Донишгоҳи тиббии Сталинобод ҳанӯз дусола ҳам нашуда буд. Ҷанг дар назди донишгоҳ вазифаи калон ва пурмасъулият гузошт: бояд як миқдор донишҷӯён ва инчунин донишҷӯёни мактабҳои олии дигар ба тариқи эвакуатсия омада бо таҳсил фаро гирифта шаванд.

Чи хеле, ки дар «Донишномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон    ба номи Абӯалӣ ибни Сино» қайд шудааст, ба ҷабҳа фиристода шудани як қисми профессорону омӯзгорон низ дар назар дошта шуда буд. Устодони до­нишгоҳ К. П. Арихбоев, А. И. Поляков, Н.З.Монаков, Ю. В. Полонский, И. Н. Ка­нонников, 3. П. Хоҷаев ва дигарон ба ҷанг рафтанд.

Ҳар сол садҳо нафар донишҷӯён ба майдони ҷанг даъват карда мешуданд. Ҷабор Деҳқонов, Павел Жуков, Маҳмуд Аҳмадов, Муҳаммадҷон Яъқубов аввалин донишҷӯёне буданд, ки ба ҳимояи ватан бархостанд. ДДТТ бо дастпарвари худ подполковник Анатолий Толмачев, ки баҳри озодии Ватан ҷони худро нисор кардааст, фахр мекунад. Ба ӯ баъди вафоташ унвони Қаҳрамони Ит­тиҳоди Шуравӣ дода шудааст.

Бисёр иштирокчиёни ҶБВ ба Ватан баргашта, аз паи таълим ва тарбияи мутахассисон - духтурони оянда шуданд. Онҳо та­моми умри бобаракати худро сарфи кори муқаддаси омӯзгорӣ кардаанд. Баъзеи онҳо ба қуллаҳои баланди илм расиданд, ки ин мояи ифтихори донишгоҳ аст.

Дар «Донишномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» қайд шудааст, ки иштирокчиёни ҶБВ инҳо мебошанд: Анюшин А. И., Аҳмадов Д. М., Акопян Ш. Р., Блохина А.А, Бурдаков М. И., Бобоҳоҷаев М. X., Воложинетс В. Ф., Ғоибов A. F., Жуков Б. JL, Завулунов Р., Ипполитов В. И., Клягева Е. В., Кожина В. К., Конопкин Б. Г., Костенко 3. А., Казаков С. Ч., Костин В. С., Левинсон А. Я., Медник Г. Л., Маслов Ф. И., Мирфайзиев М., Марченко М. А., Насонов М. Р., Орифов А. О., Олимов М., Пӯлодов М. А., Пӯлодов А. М., Полтораков М. Ф., Роговетс В. А., Рахимов Я. А., Рахимов С. И., Семенов В. С., Столетов П. А., Сухопарова А. П., Тоҷиев Я. Т., Тоҷиев К. Т., Топчий Б. М., Тоҳиров Ғ. Ш., Такташев С. М., Тхостова В. Т., Фисечко В. И., Хвостов В. П., Холиқов Ч., Я., Ҳоҷаев 3. П., Ҳомидов В. К., Шелепин А. С., Яукий Н. Н. Бисёре аз иштирокчиёни ҶБВ олимони номдори ҷумҳурӣ буда, дар хориҷи кишвар низ соҳиби обрӯю эътибори калон гаштаанд. Масалан, ходимони шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Пӯлодов А. М., Тоҷиев К. Т., Тоҷиев Я. Т., Бобоҳоҷаев М. X., духтурони Шоистаи Тоҷикистон Марченко М. А., Ҳамидов В. К., Топчий Б. М., Костенко 3. А., Аҳмадов Д. М., Бурдаков М. И., Ипполитов В. И., Кожина В. А. ва дигарон мебошанд».

Яке аз онҳо духтури хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бобохоҷаев Ислом Яъқубович (1915-1992) доктори илмҳои тиб, профессор ва яке аз аввалин ташкилотчиёни нигаҳдории тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 1937 Институти тиббии Тошкентро хатм карда, то соли1943 дар хизмати ҳарбии тиббӣ буд. Сардори шуъбаи тандурустии вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд; 1943 - 47), ҷонишини вазир (1948 - 51), вазири нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1951 - 53), ассистенти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1953 - 58), сартабиби Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ (1958 - 61), роҳбари бахши Пажӯҳишгоҳи беҳдошти ба номи Эрисмани шаҳри Москва (1961 - 66), роҳбари бахши Пажӯҳишгоҳи беҳдошт ва эпидемиологияи Москва (1966 - 69), корманди Пажӯҳишгоҳи умумииттифоқии беҳдошти иҷтимоӣ ва ташкили ҳифзи тандурустӣ ба номи Семашко (Москва; 1969 - 72) профессор (1972-76), мудири кафедра (1976-87) ва профессори кафедраи физиологияи одами ДДОТ ба номи С. Айнӣ (1987 - 92). Муаллифи зиёда аз 30 асари илмӣ оид ба ташкил ва такмили фаъолияти муассисаҳои табобатию профилактикӣ. Депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 2). Бо ордени «Нишони Фахрӣ», ордени Ҷанги Бузурги Ватании дараҷаи 2-юм, медалҳо ва Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Олими дигар-иштирокчии ҶБВ - Яҳё Абдуллоевич Раҳимов, (1916-1993) анатом, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмхои тиб, профессор, ходими хизматнишондодаи илмии ҶШС Тоҷикистон, лауреати Мукофоти давлатии Точикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1987) мебошад, ки солҳои 1931-32 дар сохтмони роҳи оҳани камбари Вахш кор кардааст.Солҳои 1932-38 - донишҷӯ дар мактаби тиббии Хуҷанд, солҳои 1932-38 - донишҷӯи Институти давлатии Ашхобод (1938-42) ва ДДТТ (1942-43). Ассистенти кафедраи анатомияи топографии донишгоҳи мазкур, (1943-46) Аспиранти Институти морфологии эътидолии ва эътилолии АИТ ИҶШС (1946-49). Аз соли 1950 дотсент ва мудири кафедраи анатомияи эътидолии фак-ти муоличавӣ, ҳамзамон (то соли 1957) ректори ДДТТ. Солҳои 1957-1963 Вазири тандурустии ҶШС Тоҷикистон буд. Яхё Абдуллоевич Рахимов муаллифи 130 асари илмӣ, аз ҷумла монографияҳо мебошад. Бояд қайд кард, ки ҳамчун вазири тандурустии Тоҷикистон дар кори тарбияи кадрҳои маҳаллӣ саҳми арзанда гузоштааст. Дорандаи орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони фахрӣ», «Барои хизмати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-45», се Ифтихорномаи Шӯрои Олии Точикистон, «Медали НКХХ» (1957), нишони «Аълочии тандурустии СССР» (1957), «Аълочии маорифи халкқ» (1967), «Аълочии Мактаби Олии СССР» (1971), «Аълочии Қушунҳои сарҳадӣ»-и дараҷаи якум, медали «Собиқадори меҳнат» (1976), медали «40-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-45» (1985) медалу грамотаҳо мукофотонида шудааст.

Қаҳрамони дигари мо Комил Тоҷиевич Тоҷиев (1910-1981) мебошад. Ҷарроҳ, доктори илмхои тиб, профессор, Ходими хизматнишондодаи илми Республикаи Тоҷикистон, узви пайвастаи АФ Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Хатмкардаи Институти тиббии 2-юми шаҳри Москва ба номи Н. И. Пирогов (1937). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Ассистенти кафедраи ҷарроҳии умумии Институти давлатии тиббии шахри Тошкент (1946—51). Иҷрокунандаи вазифа (1952-54) ва мудири кафедраи ҷарроҳии умумии (1960-81), ҳамзамон (1965-73) ректори донишкада буд. Комил Тоҷиевич Тоҷиев баъди ҷанг ба корҳои илмию педагогӣ баргашт. Аввал дар кафедраи ҷарроҳии умумии Донишкадаи тиббии Тошкант кор кард, баъдан ба Душанбе омада, ҳаёти боқимондаи худро бо ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино пайваст. Таҳти роҳбарии К.Тоҷиев 6 рисолаи докторӣ ва зиёда аз 20 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шудааст. Бояд қайд кард, ки дар баробари хидматҳои шоёни ҳарбӣ ва расонидани ёрии ҷарроҳии баландихтисос дар хатти пеши ҷабҳаи Сталинград К.Т. Тоҷиев бо ордени Ситораи Сурх мукофотонида шуд. Қисми тиббию санитарӣ, ки дар он ба сифати ҷарроҳи асосӣ ва сардори взводи амалиётҳои ҷарроҳӣ хидмат мекард, минбаъд дар дигар муҳорибаҳои ҳалкунандаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ - муҳорибаҳои Курск ва Берлин, озодкунии хоки Полша ва Чехословакия иштирок намуд. Тӯли ин вақт ӯ ба зиёда аз 7000 аскару афсарони шуравӣ ёрии махсуси тиббӣ расонид. Барои шуҷоати нишондода тамоми афроди қисм бо мукофотҳои ҳукуматӣ сарфароз гаштанд. Аз ҷумла, К.Т. Тоҷиев соҳиби 12 раҳматномаи Сарфармондеҳи Олӣ, ду ордени «Ҷанги Ватанӣ» - дараҷаи 1 ва 2, ордени Ситораи Сурх ва 7 медали ҷангӣ мебошад.

Иштирокчии дигари ҶБВ - Зикрулло Почоевич Хоҷаев (1916-1973) ҷарроҳи асаб, доктори илмҳои тиб, профессор, духтури хизматнишондодаи илмии ҶШС Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илмии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1939 донишҷӯи донишкадаи тиббии Тоҷикистон ва Тошкент буд. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945). Солҳои 1939-1941ординатори Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии Душанбе. Дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ 25-сола буд. Ҳамчун ҷарроҳи низомӣ садҳо амалиёти ҷарроҳиро анҷом дода, ҳаёти ҳазорҳо нафарро аз марг наҷот додааст. Шуҷоат ва заҳматҳои фидокоронаи З.П. Хоҷаев барои Мудофиаи Сталинград, фатҳи Будапешт, озод кардани Белград ва Ғалаба бар Германия қадр карда шудаанд. Баъди ҷанг Зикрулло Почоевич ҳаёти худро комилан ба ин соҳа бахшид. З.П. Хоҷаев аз соли 1957 то 1965 ба ҳайси роҳбари ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият дошт. Инчунин солҳои зиёд мудири кафедра низ буд. Ӯ муаллифи 80 асару мақолаҳои илмӣ, ки ба масъалаҳои гуногуни ҷарроҳӣ, аз ҷумла ҷарроҳии асаб мебошад. Асосгузори умури ҷарроҳии асаб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таҳти роҳбарии ӯ 9 нафар рисолаи номзадию докторӣ ҳимоя гаштааст. Бо орденхои Ленин, Ситораи Сурх, Ҷанги Ватанӣ, 9 медал ва Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Иштирочии дигари Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар соҳаи тандурустӣ саҳми босазо гузоштааст, ин Яъқуб Тоҷиевич Тоҷиев (1918- 1987), беҳдоштшинос, яке аз асосгузорони хадамоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор, ходими хизматнишондодаи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 1944 Институти давлатии тиббии шаҳри Тошкентро хатм кардааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 - 45). Ба сифати сартабиби хурди полки тирандозӣ, сардори умури тиббӣ-санитарӣ дар ҳайати фронти 1-уми Украина хидмат ва дар озод кардани шарҳои Вена ва Будапешт ширкат намудааст. Сартабиби беморхонаи шаҳри Конибодом, мудири шуъбаи тандурустии вилояти Суғд, таҳсил дар аспирантура (1951 - 54), ҷонишини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1954 - 59), ҷонишини директори Институти давлатии тиббии Академияи Фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1959 - 61), мудири кафедраи беҳдошти иҷтимоӣ ва ҳифзи тандурустии ДДТТ (1961 - 87), сармуҳаррири маҷаллаи «Здравоохранение Таджикистана» (1963- 1987), аъзои раёсати Шӯрои илмию тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҷамъияти таърихшиносони тибби ҷумҳурӣ буд. Муаллифи зиёда аз 160 асару мақолаҳои илмист. Асарҳои ӯ ба масъалаҳои муҳимми беҳдошти иҷтимоӣ, ташкили хифзи тандурустӣ, омори санитарӣ ва демографӣ мансубанд. Бо орденҳои Ситораи Сурх, «Нишони Фахрӣ», Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 1, 2), медалҳо ва Ифтихорномаҳои Раёсати Шурои Олии ЧЩС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Иштирокчии дигари Ҷанги бузурги Ватанӣ, ки дар тандурустии Тоҷикистон саҳми бебаҳое гузоштааст, ин Михаил Афанасевич Марченко (1919-2008) мебошад. Ӯ соли 1919 дар ноҳияи Близнетсовски вилояти Харкови Ҷумҳурии Украина таваллуд шудааст, полковники хадамоти тиббӣ. Дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар синни 85-солагӣ рисолаи номзади илмҳои тибро ҳимоя кардааст (2005). Духтури хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1941 аз курси 4 –уми факултаи ҳарбии институти тиббии 1-уми Харков ба ҷанг рафтааст. Духтури ҳарбии баталёни ҷудогонаи 383, дивизияи тирандозии Шахтёрск ва дивизияи тирандозии 4 Кавкази Шимолӣ. Баъди ҷанг дар вазифаҳои духтури ҳарбии дивизияи танкии 15 Невелск ва сардори тибби ҳарбии артиши 18 хидмат кардааст. Хатмкардаи факултаи тиббии ҳарбии Институти марказии такмили ихтисоси духтуронии Москва (1947) ва Академияи тибби ҳарбии Ленинград (1959). Сардори кафедраи ҳарбӣ (1969-1978), мудири шӯъбаи ординатураи клиникӣ (1978-1981) ва сардори шӯъбаи мудофиаи шаҳрвандии ДДТТ (1981-2007). Иштирокчии Паради Ғалаба дар майдони Сурхи Москва бахшида ба 50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (9-майи 1995). Бо зиёда аз 20 ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Иштирокчии Ҷанги бузурги ватанӣ Бобоҳоҷаев Муҳаммад Хоҷаевич(1924- 2003) терапевт, доктори илмҳои тиб, профессор, Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Омӯзишгоҳи тиббии Хуҷанд (1939), Донишкадаи омӯзгории Тошкент (1941) ва ДДТТ-ро соли 1951 хатм кардааст. Муаллими физика ва математика, мудири қисми таълим, директори мактаби ибтидоии № 5 ҷамоати деҳоти Даҳана (1941 - 42). Хидмат дар сафҳои Артиши Сурх (1942 - 46). Ассистент, дотсент, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи муолиҷаи ДДТТ (1951 - 60), докторанти Пажӯҳишгоҳи биофизикаи Академияи илмҳои тиббии ИҶШС (1960 - 63), мудири кафедраи муттаҳидаи терапияи факултетҳои педиатрӣ ва дандонпизишкӣ, мудири кафедраи терапияи факултетӣ ва госпиталӣ (1964 - 74) ва мудири кафедраи бемориҳои дарунии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1974 - 92), мудири беморхонаи ҷумҳуриявии реаниматсиявии шаҳри Хуҷанд (1992 - 96), директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд (1996 - 98). Муаллифи беш аз 300 кори илмӣ ва дастурҳои методӣ оиди масъалаҳои гуногуни кардиология, гематология, ревматология, курортология, пулманология, нефрология мебошад. М. Ҳ. Бобохоҷаев аз соли 1964 то 1987 вазифаи сартерапевти Вазорати тандурустиро ба ӯҳда дошт. Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд (1995), академик (1990) ва ноиби президенти Академияи халқии «Нури Хуҷанд» (аз соли 1996), узви раёсати Ҷамъиятии умумииттифоқии терапевтҳо, узви раёсати Ҷамъиятии кардиологҳо, гематологҳо, ревматологҳо, нефрологҳо, геронтологҳо буд. Солҳои зиёд вазифаи раиси Ҷамъияти терапевтҳои Тоҷикистонро иҷро мекард. Бо медалҳо ва Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гаштааст.

Дар тибби муосири Тоҷикистон саҳми иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдумаҷид Мусоевич Пӯлодов (1925-2012) , невропатолог, доктори илмҳои тиб, профессор, профессори фахрии Университети Гарвард (Вашингтон, ШМA. Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1987), академики АИ табиатшиносии Россия, академики Академия байналмилалии мактабҳои олӣ, академики Академияи халкии «Нури Хуҷанд», Аълочии маорифи халқ. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), (майори хизмати тиббӣ). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1950). Аспиранти Пажуҳишгоҳи тиббии ба номи И. М. Сеченови шаҳри Москва (1951 VI), мудири кафедраи неврологияи ДДТТ (1954-1958), докторанти Пажуҳишгоҳи ҷарроҳии асаби ба номи Н. Н. Бурденко (1958-64), мудири кафедраи неврология ва асосҳои генетикаи тиббии       ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1964-90), сарневропатологи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1964-95), мушовири илмии кафедраи неврология ва асосҳои генетикаи тиббии ДДТТ (аз соли 1995). Зиёда аз 500 таълифоти илмӣ (аз ҷумла 5 монография ва 8 китоби дарсӣ) эҷод кардааст. Китоби “Пропедевтика нервных болезней” аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун китоби дарсии донишкадаҳои тиббии мамлакат тасдиқ гашта буд. Асарҳои ӯ ба масъалаҳои актуалии неврологияи кли­никӣ бахшида шудаанд. Абдумаҷид Мусоевич Пӯлодов этиология ва патогенези як қатор бемориҳои системаи асабро аз ҷиҳати илмӣ асоснок кард ва чандин аломатҳои нави зоҳиршавии бемориҳои асабро баён намуд, ки бо номи ӯ машҳуранд. Абдумаҷид Мусоевич Пӯлодов бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ, «Дӯстӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Дар охир бояд қайд намуд, ки шуҷоату қаҳрамонӣ, фаъолияти илмию педагогии ин шахсиятҳои бузург барои ҳар як фард намунаи ибрат мебошад. Дар шароити имрӯза, ки истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, омӯзиши чунин маводҳо ба манфиати кор мебошад.

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён яке аз қисматҳои асосии ҷараёни таълим ба ҳисоб меравад, ки раёсат ва кормандони ҳамаи сохторҳои Донишгоҳ ба он аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.

АДАБИЁТ:

1. Гулов М.К, Джураева Н.С.Баратов Вклад сотрудников ТГМУ им.Абуали ибни Сино в победу в Великой Отечественной войне (к 75-летию победы)// Вестник Авиценны». 2020 том 22 № 2.С.178-189.

2.Донишгохи давлатии тиббии Точикистон. /Донишнома, Сарредаксияи илмиии энсиклопедияи миллии точик.-Душанбе.-2019.-С.353—354.

3.Исхаков С. И., Липатцев И. И., Тюряев А. А.3. П. Ходжаев. Жизнь и деятельность»—Душанбе: Ирфон, 1986 —88 с.

4. Мақсудов Ҳ.А. Шасти камолот.-Душанбе, Ирфон,1999.—129 саҳ.

5. Марченко М.А. Вклад здравоохранения Таджикистана в победу в Великой Отечественной войне1941-1945гг.//Под редакцией профессора М.Я.Расули.-Душанбе,2005.128 с.

6.Паёми шодбошии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихори таҷлили 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм шахри Душанбе, 8 майи соли 2021(Садои мардум. чоршанбе.12 майи соли 2021 №64(4326) сах2.

 

У. Р. Юлдошев, и.в. муд. каф. забони русии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, М.К.Шодиматова муаллимаи калони кафедраи забони тоҷикӣ, С.А. Ҳотамова, муаллимаи калони кафедраи забони русӣ, Р.Р.Камолова,Н.Ш. Алиева муаллимони кафедраи забони русии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ бни Сино



06.05.2022 238

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php