Амалиёти Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор»

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» боз як марҳалаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад шуд.
Татбиқи ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амиқ дарк намудани аҳамияти об, ҳам барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҳам таъмини сулҳу суббот саҳми арзанда мегузорад. Пешвои муаззами миллат дар Паём ва баромадҳои хеш бо зикри ин нукта таъкид карданд, ки: «Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод».
Маҳз бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об ва ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳамчунин ҳифзи низоми экологии об ва дигар масъалаҳои марбут ба об имрӯз ба рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид гардидаанд, ки ин худ яке аз дастовардҳои муҳимми талошҳои муштараки чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ б ашумор меравад.
Мутаассифона, хавфи сар задани бӯҳронҳои обӣ бинобар афзоиши шумораи аҳолии сайёраи замин ва коҳиш ёфтани захираҳои об тамоюли афзоишро касб карда метавонад. Олимон тахмин менамоянд, ки то охири даҳсолаи ҷорӣ дар ҳудуди ду миллиард аҳолии кураи Замин ба мушкили камбуди мутлақи об дучор хоҳад гардид. Аз ин рў, дар шароити ниёзмандии рӯзафзуни ҷаҳонӣ ба об ҳамкориву шарики созандаи кишварҳо дар ин самт тақозои замон аст.
Боиси қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба обро дар чорчӯби Рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш мебарад. Бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар Маҷмаи кули Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии оби ошомиданӣ (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалҳо “Об барои ҳаёт” (2005-2015) ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро (2013) эълон кард.
Чорабиниҳои глобалии мазкур дар таҳкими фаҳму дарки аҳамияти об чи барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳифзи экологӣ ва чи дар таъмини сулҳу суббот ва рушд саҳми шоёнихудро гузоштанд.
Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон талошҳои худро дар ин ҷода бо мақсади тақвияти пешравиҳои бадастомада ва дастёбӣ ба натиҷаҳои нав идома медиҳад. Аз ин лиҳоз Даҳсолаи байналмилалии нав таҳти унвони“Об барои рушди устувор” эълон карда шуд. Сарвари давлат бо боварии комил изҳор доштанд, ки «ин ташаббус заминаи мусоидро барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор оид ба об фароҳам оварда, ба таҳкими нақши об дар раванди ноил гаштан ба дигар ҳадафу мақсадҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда мусоидат хоҳад намуд».
Тоҷикистон мавзӯи марбут ба обро ҳамчунин дар чорчӯбаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳоиоб, ки бо ибтикори Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ таъсис ёфтааст, пеш мебарад. Сентябри соли 2016 Панели мазкур Нақшаи амалҳоро қабул намуд, ки яке аз санадҳои дастурии муҳим дар ҷодаи ҳалли масъалаҳои вобаста ба об дар ҳамаи сатҳҳо ба ҳисоб меравад.
Мусаллам аст, ки Тоҷикистон захираҳои бузурги обро дар теъдоди зиёди пиряху дарёҳо, кӯлҳо ва шабакаҳои обии зеризаминӣ доро аст. Дар қаламрави кишвари мо зиёда аз 60 фоизи захираҳоиобии минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад. ҲукуматиТоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об талошҳои пайваста меварзад. Танҳодар даҳсоли охир ин соҳаи ҳаётан муҳим дарҳудуди як миллиарду ҳафтсад миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ карда шуд. Сарфи назар аз ин, Тоҷикистон дар бахшҳои фаръии вобаста ба об ҳоло ҳам рӯ ба рӯи мушкилот қарор дорад. Чунин ҳолат, пеш азҳ ама, бо зерсохтори фарсудашуда, имкониятҳои маҳдуди молиявӣ ва норасоии иқтидорҳои техникӣ вобастагӣ дорад. Тайи даҳсолаи охир ҳолати таъминоти зиёда аз якуниммиллион аҳолӣ бо оби ошомиданӣ беҳтар гардонид ашуд. Ҳамзамон, як қисматиа ҳолӣ, бахусус дар деҳот, ҳоло ҳам ба шароити беҳтар дар арсаи беҳдошт ва дастрасӣ ба манбаъҳои тозаи оби нӯшокӣ ниёзманд аст.
Ҳарчанд ки Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикиро дорост ва солҳои охир мушкилоти таъмини барқ ҳалли худроёфта истодааст, масъалаҳои мухталифи ҳалталаби иҷтимоиву иқтисодӣ, ки аз таъмини устувори неруи барқ вобастаанд, ҳанўз зиёданд. Аз 527 миллиард кВт/соати иқтидори мавҷуда, ҳар сол танҳо 3-4 фоизи он истифода мешавад. Ин нишондиҳандаҳо аз имконоти бузурги ҳалли мушкилоти мавҷуда шаҳодат медиҳанд.
Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амниятио зуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумормеравад. Зарур аст, ки ба таҷдиди зерсохтори зироаткории обёришаванда бояд манбаъҳои зиёди молиявӣ ва талошҳои дахлдор равона карда шаванд.
Мушкилоти вобаста ба обро равандҳои тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дучанд печидатар мегардонанд. Тўли даҳсолаҳои охир масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳои кишвар, ки сарчашмаи асосии дарёҳо мебошанд, ба таври назаррас кам шудаанд. Тағйирёбии иқлим ва шароити душвори кӯҳсор сабабгори ба вуқӯъ пайвастани офатҳои табиии вобаста ба об, аз қабили селу обхезиҳо мебошанд. Бар асари чунино фатҳои табиӣ ҳамасола зерсохторҳов айрон гардида, масоҳатҳои калон зери об мемонанд ва ба иқтисоди мамлакат зарари зиёд расонида мешавад.
Имрўз масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об, кам кардани талафоти он, беҳтар гардонидани сифати об ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои он доимо дар маркази диққати Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин асос мавқеъгирии ҳамгироёна нисбати масъалаҳои вобаста ба об, ки метавонадз аминаи расидан ба комёбиҳои нав шавад, дар Барномаи ислоҳотибахши оби Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2025 пешбинӣ карда шудааст.
Амалиёти Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва дигар барномаҳои байналмилалӣ оид ба рушд, маблағгузорӣ ва мудирияти захираҳои табиӣ заминаи мустаҳками ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистонро фароҳам меоранд. Мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, дигар мавқеъгириҳои самаранок ва ташаббусу талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ бароит амоюлҳои мусбӣ дар раванди расидан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда оид ба масъалаҳои об ва беҳдошт омили мусоидакунанда мебошанд.
Ҳамин тариқ, натиҷаҳои талошҳои Тоҷикистон бо дигар кишварҳо дар ин ҷода боз як омили муассири комёб гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор хоҳанд шуд. Тоҷикистон мақсад дорад, ки ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафҳо ва татбиқ намудани ташаббусҳо аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода барад.
Мудири кафедраи химияи фарматсевти ва заҳршиносии
МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино д.и.х., профессор Раҷабов У. Р.

23.09.2019     175