ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҲАМЧУН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ИҶТИМОӢ

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дастовардест, ки аз ҷиҳати аҳамияти сиёсӣ ва маънавиаш дар тули ҳазорсолаҳо шабеҳ надорад. Агар насли имрўзаи тоҷикистониён ин маъниро амиқ дарк намоянд, пас барои ў ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ бояд қарз ва вазифаи ҳаётан муҳим маҳсуб гардад.
Дар олами муосир хатари терроризм ва гурўҳҳои ифротгарон яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омўзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омўзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд.
Аз ин рў, дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва пажўҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омўзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равона мебошанд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз идеяи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зуроварӣ барои воқеъ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешаванд. Илова бар ин экстремизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иҷтимоӣ айён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир, зарурати дарки амиқ ва фаҳмиши васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Бинобарин, таҳқиқ ва баррасии экстремизм зинаи аввали инкишофи гурўҳҳои канориро ташкил менамояд.
Экстремизм аз вожаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгарон, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ бамиён оянд.
Ба ин маънӣ, дар тўли чанд даҳсолаи охир диққати олимони диншинос ва сиёсатшинос ба ислом ва нақши он дар равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳое, ки аксарияти аҳолии онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд, равона карда шудааст. Сабаби асосии чунин таваҷҷўҳ афзоиш ва шиддат ёфтани таъсири ислом ба сиёсати ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ мебошад. Хусусан дар охири солҳои 70-ум ва аввали солҳои 80-уми асри гузашта дар тамоми кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ ра-ванди сиёсишавии ислом ва исломишавии сиёсат оғоз ёфт. Сабаби асосии таҳкими чунин мақом дар сиёсати ин кишварҳо дар он мебошад, ки ислом метавонад ва қодир аст ҳамчун як низоми том ва мукаммали динӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти фардӣ ва иҷтимоиро ба танзим дароварад ва идора намояд. Барои таҳкими нақши ислом дар сиёсати ин кишварҳо инчунин ақоиди анъанавӣ дар бораи ягонагии дин ва давлат, пайванди ҳаёти дунявӣ ва динӣ, ки дар шуури ҷамъиятии миллатҳои мусулмон хеле амиқ реша давонидааст, низ нақши хеле муҳимро мебозад. Ақидаҳои мазкур алалхусус дар байни аъзои ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурўҳҳои сиёсӣ, ки барои бо ормонҳо ва меъёрҳои исломӣ мутобиқ сох¬тани сиёсати давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа мубориза меба-ранд, хеле роиғ буда, ҳаматарафа таблиғу ташвиқ карда мешаванд. Хусусан баъди суқути Иттиҳоди Шўравӣ ҷуғрофиёи амалкарди созмонҳо ва ҳаракатҳои навбаромади диниву сиёсӣ вусъат ёфта, бархе аз онҳо дар кишварҳо ва минтақаҳои мусулмоннишини пасошўравӣ роҳ ёфтанд. Омўзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъалаи мазкур, яъне падидаи сиёсишавии ислом, таъриху идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои диниву сиёсии исломӣ барои муҳаққиқони ҷомеашиноси тоҷик аз он сабаб зарур мебошад, ки тавассути он мо бо ин падидаҳои нави диниву сиёсӣ “аз наздик шинос шуда”, характери аҳдофи диниву сиёсии онҳоро дуруст баҳо дода метавонем. Ҳамчунин, аз тариқи омўзиши бонизоми ин масъала чигунагии таносуби байни ҳадаф ва идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои нави диниву сиёсӣ аз як тараф ва арзишҳои динӣ, миллӣ ва сиёсии Тоҷикистон, аз тарафи дигар муайян карда мешавад. Аз ин сабаб мо бояд дар раванди омўши аз таърих ва идеологияи ин созмонҳо ва ҳаракатҳоро дуруст муайян намоем ва кадоме аз ин ҳаракатҳо бо набзи ҳаёти диниву сиёсии ҷомеаи кишварамон мувофиқ ва кадомашон мухолифу хатарнок аст аз бар намоем. Ҳамчунин натиҷаҳое, ки аз таҳқиқи ин масъала ба даст оварда мешаванд, барои матраҳ кардани усулҳои илмиву амалии муносибати ҳуқуқӣ бо чунин падидаҳо ва ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ пешниҳод кардани тавсияҳои заруриву саривақтӣ кўмак мерасонанд.
Албатта, дар чаҳорчўбаи як мақола фаро гирифтан ва таҳқиқ кардани таърих ва идеологияи тамоми созмонҳо ва ҳаракатҳои муосири диниву сиёсӣ аз имкон берун аст. Аз ҳамин сабаб мо дар ин ҷо ба таври умумию мухтасар дар бораи созмонҳои ифротгароию террористӣ, ки ҳамчун омили хатарноки ҷомеаи башаррӣ мебошанд, маълумоти умумӣ медиҳем. Мисоли равшани чунин созмону ҳаракатҳои барои фазои анъанавии динии Тоҷикистон бегона ва хатарнок Ҳизби таҳрир ва Салафия мебошанд, ки дар даҳсолаҳои нахустини замони истиқлолият бо ин ё он роҳ ба кишвари мо ворид шуда, набзи ҳаёти диниву сиёсии кишварамонро халалдор мекарданд.
Умуман таҳти мафҳуми «созмон ё ҳаракатҳои исломӣ» қувваҳои гуногунро фаҳмидан мумкин аст. Бархе аз чунин созмонҳо ва ҳаракатҳо хусусияти эктремистӣ дошта, фаъолияти онҳо дар аксарияти кишварҳои исломӣ мамнўъ мебошад. Гурўҳи дигари чунин созмон ва ҳаракатҳоро ҳизбҳо ва созмонҳое ташкил медиҳанд, ки дар арсаи ҳаёти сиёсии кишварҳои исломӣ озодона ва бо иҷозати қонун амал намуда, барои бунёди давлат ва ҷомеаи исломӣ тибқи меъёрҳои шариат идора кардани соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мубориза мебаранд. Аммо дар байни чунин ҳаракатҳо қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ низ вуҷуд доранд, ки онҳо вазъи ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро дар ҳар як кишвар халалдор намуда, барои расидан ба аҳдофи худ аз ҳеҷ гуна роҳу воситаҳо, ҳатто аз террор ва зўроварӣ низ рў намегардонанд. Маҳз ҳамин гуна қувваҳои тундрав ва иртиҷоҳ мебошанд, ки барои ба даст овардани аҳдофи сиёсии худ раванди осоиштаи ташаккул ва такомули ниҳодҳои демократӣ дар кишварҳои исломиро халалдор сохта, кишварҳои исломиро ба вартаи бўҳронҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ тела медиҳанд.
Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки муборизаи сиёсии созмонҳо ва ҳаракатҳои тундраву ифротгаро омили нахустини бўҳронҳо ва муташанниҷ шудани вазъи ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳои исломӣ маҳсуб мешавад. Гуфтан мумкин аст, ки ин омил ҳанўз дар нахустин асри исломӣ, аниқтараш пас аз реҳлати пайғамбари дини мубини ислом, дар давраи хулафои рошидин зуҳур намуда, баъдан торафт шиддат гирифтааст ва дар замони муосир низ яке аз монеаҳои асосии пешрафти кишварҳои исломӣ ба шумор меравад.
Аз ин рў, масъалаи асосии мавриди назари мо – таҳаввули вазъи дину диндорӣ, муносибати давлат ба дин дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошўравии Осиёи Марказӣ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ нақш бештар доранд Ҳизбу-т-таҳрири-л-исломӣ ва Салафия мебошанд.
Аз ин шарҳи мухтасари ифротгароии динӣ бармеояд, ки экстремизм дар навъҳо ва шаклҳои гуногун зоҳир мегардад. Яъне, ифротгарон аз рўи мазмун динӣ ва дунявӣ, аз рўи зуҳурот ҳудудӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ шуда метавонад. Нигоҳи ифротгарон хеле решаи чуқур дошта, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягон мамлакатро эътироф намекунад. Терроризм низ яке аз шаклҳои мураккабтарини он ба ҳисоб меравад.
Терроризм дар инкишофи таърихи инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанўз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зўрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид.
Дар асрҳои миёна бошад, дар кишварҳои Аврупои терроризм ҳамчун шакли махсуси муборизаи сиёсӣ баҳри дифои манфиатҳои давлатӣ ва калисою ҳокимияти диннӣ мақоми махсус пайдо намуда буд. Худи амали қатли расмии ҷинояткорон дар кадом шакле, ки набошад бо мақсади тарсонидани одамон ва табақаҳои гуногуни ҷамъиятӣ воқеи гардонида мешуданд. Зуригарии канора, ки бо мафҳуми «террор» ифода карда мешавад дар замони нав дар таърихи сиёсии Франсия бештар рух додааст. ҷонибдорони ислоҳот тавассути террор ҳимояи манфиатҳо ва озодиҳои шахсро воситаи самараноки муборизаи сиёсӣ медонистанд. Аммо баъдтар дар зери мафҳуми мазкур амалҳои манфӣ дониста мешуд ва террорро ҳамчун ҷиноят бар зидди ҳукумат муаррифӣ менамуданд. Яъне аз охири асри 18 cap карда мафҳуми «террор» дар маънои манфӣ истифода мегардад.
Махсусан дар замонҳои нав ва навтарин терроризм хусусиятҳои иртиҷоиро пайдо намуд. Террористон барои тарсонидани аҳли ҷомеа ва ҳокимон даст ба куштори одамони бегуноҳ мезаданд. Террор воситаи асосии мубориза барои ҳокимият, барои ҳимояи манфиатҳои гурўҳӣ, қавмӣ, этникӣ, нажодӣ ва ғайраҳо гардидаанд.
Террор яке аз воситаҳои асосию паҳнгаштатарини муборизаи замони инқилоб ва аксулинқилобҳо ба шумор меравад ва ҷомеаро дар давраҳои мо дернизатсияи сиёсии моҷарогароӣ ва муқовиматҳои иҷтимоӣ қавӣ менамояд. Дар ин замон муҳим нест, ки аввалин шуда кадом ҷониб ва ё кӣ даст ба истифодаи зўрии канораю ғайриқонунӣ мезанад. Аҳамияти асосиро сатҳи муқовимати қувваҳои сиёсӣ ва маданияти сиёсии онҳо ташкил медиҳад. Чуноне ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам нишон медиҳанд дар ҳолати мазкур нерўҳои террористӣ фақат кўшиши нобуд намудани рақиби худро менамоянд.
Дар олами муосир шумораи аниқи гурўҳҳо ё ташкилотҳои террористиро муайян намудан номумкин аст. Зеро иттиҳодияҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳадафҳо ва фаъолияту амалашонро махфӣ медоранд. Набудани меъёрҳо ва қоидаҳои асосию умумии муносибат ба иттиҳодияҳои террористию экстремистӣ корро мушкил мегардонанд. Аммо ташкилотҳои калонтарини террористон хоҳу нохоҳ аз худ дарак медиҳанд ва мунтазам ба амалҳои террористӣ даст мезананд. Дар шароити ҳозира бештар дар бораи як қатор ташкилотҳои номдори террористӣ андешаҳо иброз менамоянд ва амалҳои зидди террористӣ низ асосан муқобили онҳо нигаронида шудаанд. Онҳо иборат аз; Ал- Қоида; Ҷамоа-ал-исломия (Миср); ЕТА («Ватан ва озодии баски»); Ҷумбиши мухолифати исломии Ҳамос; Ҳизби исломи Туркистон (Ҷумбиши исломии Ўзбекистон) ва ғайра мебошанд. Дар воқеъ сернуфузтарин ташкилоти терроризми байналхалқии муосир «Ал-Қоида» мебошад. Террористони гурўҳи мазкур новобаста аз оне ки бештар дучори таъқиб ва амалҳои зиддитеррористии коалитсияи байналхалқӣ мегарданд, тадриҷан пурқудрат мешаванд. Ба гурўҳи мазкур гурўҳҳои дигари террористӣ ҳамроҳ гашта, онро ба ҳаракати террористӣ табдил додаанд.
Аз лиҳози таҷрибавӣ терроризм оқибатҳои харобиовар дорад. Тибқи нишондоди маълумоти умумии оморӣ дар олам оиди амалиётҳои террористӣ ва оқибатҳои фоҷиабори он мавҷуд нест. Аммо маълумотҳо оиди кишварҳо ва минтақаҳои алоҳида арзи ҳастӣ доранд. Амалиёти терроризми байналхалқӣ тақрибан 5-10 фоизи амалҳои террористии ҷиноятиро ташкил медиҳанд. Аз соли 1976 то соли 1996 ба ҳисоби миёна аз 320 то 660 амалиёти террористии байналхалқӣ pyx додааст. Шумораи қурбониёни амалҳои террористӣ рўз аз рўз меафзояд. Сатҳи мудҳишият ва ваҳшоният авҷ мегирад. Фақат дар солҳои 1994 ва 1995 мутаносибан 423 ва 440 нафар одамон қурбони дасисаҳои террористон гаштанд.
Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёдихаробиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарўза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.
Воқеан таъсир ва ташаккули равияи террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрўз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин, дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем. Чӣ тавре ки маълум аст, дар баробари ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ дар зери таъсири гурўҳҳои алоҳидаи дохилӣ ва хориҷи раванди эҳёи дин хусусияти ифротгароӣ касб (пайдоиш ва ташаккули ҲНИТ) намуд. ҷиҳати пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои иртиҷоии он, баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабии мардуми шарифи тоҷик зарурати аз нигоҳи қонунгузорӣ танзим намудани масоили динӣ пеш омад. Хушбахтона, баъд аз ба даст овардани истиқлолият соли 1994 ва 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва Ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар асоси таклифу пешниҳодоти мардуми кишвар қабул гардид. Мақсад аз қабули қонуну қарорҳои мазкур танзим ва таъмини фаъолияти ҳуқуқии иттиҳодияҳои динӣ ва ҳифзи дини мубини ислом аз ҳама гуна хурофоту одатҳои асримиёнагӣ ва ифротгароӣ буд. Зеро имрўз дини мубини ислом аз Ҷониби баъзе гурўҳҳо дар шаклҳои гуногун ҳамчун омили низоъу муноқишаҳо истифода шуда истодааст. Дар ин замина мо бояд таҳдид ва хатарҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро, ки хусусияти динӣ касб кардаанд ва таҳдид ба ҳаёти мусулмонон ва умуман ислом доранд муайян намуда, интишори онҳоро дар ҷомеа пешгирӣ намоем.
Аз таҷрибаи ташаккули тундгароӣ, ифротгароӣ ва терро-ризм дар гузашта то қадри имкон маълум шуд, ки он падида¬и манфии сиёсӣ буда, ҷаҳони имрўзаро ба худ нигарон намудааст. Ин падидаҳои манфӣ бо ҳам робитаҳои сабабӣ доранд, чунки тундгароӣ омили пайдоиши ифротгароӣ буда, дар навбати худ сабаби пайдоиши тазоҳуроти террористӣ мебошад. Имрўз ҳамаи мо тариқи моҳвораву шабакаҳои интернетӣ ва дигар васоити ахбори омма огоҳ ҳастем ва дида истодем, ки дар ҷаҳони ислом вазъият чи гуна ноорому мудҳиш аст. Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки расонаҳо ва технологияҳои иттилоотии муосир, ба вижа шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби гурўҳҳои махсуси ифротгарову фитнаҷӣ барои таблиғи ақидаҳои тундгароёнаи худ моҳирона истифода мешаванд.
Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрўз баъзе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд. Махсусан ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохторҳои марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад. Имрўз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геопалитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию-мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.
Дар шароити кунунӣ манфиатҳои сиёсии абарқудратҳо дар зери шиори ҳифзу эҳёи ислом тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъҳо дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла олами ислом гашта истодаанд. Мутаассифона, доираҳои муайяне дар минтақа мавҷуданд, ки дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои минтақа даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд. Ин гурўҳҳо маҳз аз заъифии дониши дунявию динии мардум истифода намуда, зери шиори «ҷиҳод» сохторҳои мавҷудаи кишварҳоро фалаҷ карда истодаанд, ки аз ин вабои идеологӣ ягон давлат эмин буда наметавонад. Зеро технологияи муосир пайвандгари ин равандҳо мебошад.
Бояд қайд намуд, ки алайҳи ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ кишварҳо дар алоҳидаги ба ҳадафи хеш намерасанд. Бахасус фазое, ки кишварҳои ИДМ ва давлатҳои ба он ҳамшафъат доранд, бояд дар иттиҳод қарор бигиранд. Воқеан амалкарди созмонҳои амнияти дар фазои кишварҳои пасоншўравӣ дар самти амнияти минтақа ва мубориза бо ин гурўҳҳои терорристӣ дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ сурат мегирад. Ғайр аз ин як қатор созмонҳои амниятӣ, ки тибқи маълумотҳои мавҷуда дар ҷаҳон имрўз зиёда аз 100 созмонҳои бузургу хурди террористӣ амал менамоянд, ки пеши роҳи ин тунгароёну терорристонро гирифта наметавонанд. Махсусан, воқеияти инро мо бештар дар амалҳои даҳшатангези террористӣ дар кишварҳои Ироқ, Сурия, Покистон, Афғонистон, Лубнон ва ҳатто кишварҳои Аврупо Франсия, Белгия, Украина мушоҳида менамоем. Вале пайванд хурдани фаъолияти ҳаракатҳои террористӣ бо сиёсат имрўз дар кишварҳои Миср, Ироқ, Сурия ва Лубнон таҷрибаи амалии худро пайдо намуда, ҳадаф на террори ин ё он шахс, балки аз байн бурдани низоми сиёсӣ ва давлатдорӣ мебошад.
Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа, ба таври муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ имрўз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд. Ёдрас намудан ба маврид аст, ки амалҳои террористӣ дар Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 179 ва 180 бандубаст карда шудааст. Дар тафсири кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсадҳои онро чунин шарҳ медиҳад: “Мақсади ибтидодии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидаи одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии Ҷинояткоронро дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрў ва манзалати мақомоти давлатист”. Мутаассифона дар натиҷаи чунин амалиётҳои террористии бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст. Паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, бешубҳа, на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳои мусулмони дунё мебошад. Хисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои террористӣ низ бе ҳисоб аст.
Бо назардошти таҷрибаи солҳои 90-92 барои Тоҷикистони тозаистиқлол зарурат пеш омад, ки низоми сиёсиеро интихоб кунад, то ин ки тавозуни идеологиро дар ҷомеа таъмин намуда, мақом ва нақши арзишҳои миллӣ ва диниро дар ташкили давлатдории миллӣ муайян созад. Бинобар ин, мардуми тоҷик бо роҳбарии ҳукумати кишвар низоми давлатдории дунявиро, ки таҷрибаи давлатдории миллатҳои гуногун мебошад, интихоб карда, мақому нақши онро дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. Принсипи асосии муносибати давлат ба дин дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бапуррагӣ дарӣ гардидааст. Дар он дунявият ҳамчун низоми давлатдорӣ бо назардошти ба вуҷуд овардани шароиту имконият ба рушди арзишҳои миллию динӣ ба расмият дароварда шуда, он тағйирнопазир мебошад. Муҳимтарин ҷанбаи дунявият дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дунявият ба сифати идеологияи расмӣ пазируфта нашудааст. Он ҳамчун арзиши ғайридинӣ принсипи гуногунақидавиро барқарор намуда, имкон медиҳад, ки ҳеҷ кадом ақида ба ҳайси идеологияи давлатӣ ё умумиҳатмӣ пазируфта нашавад, ки ин принсипу шарти асосии ҳамзистии дину давлати дунявӣ мебошад.
Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандўсту ватанпарвар, миллатдўсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун нерўи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурўҳҳои манфиатҳое, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Мудири кафедраи бемориҳои сироятии кўдаконаи
МДТ «ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино»
дотсент, н.и.т. Саидмурадова Г.М.

08.08.2020     716
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php