Терроризм ва даҳшатафканӣ

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо ва тамоми мардуми сайёра ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Терроризме, ки аз худ нокомӣ, бадномӣ ва яъсу ноумедиро ба бор меорад.
 Дар Паёми навбатии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду чолишҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои  «терроризм» ва «терорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона  ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо  мусоидат карда истодааст. 

Инсоният бояд ҳамеша дар назар дошта бошд, ки терроризм ва террористонро ба худӣ ва бегона, ашадӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан ба ҳеҷ ваҷҳ мумкин нест, террорист, ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.

Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад.

Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад.

Терроризм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, муайян карда шудааст.

Терроризм ва экстремизм дар маҷмӯъ хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст:
• сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ;
• моддӣ;
• идеологӣ;
• хоҳиши табадулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;
• пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав;
• ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;
• коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ;
• хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ байни шахсиятҳои сиёсӣ;
• поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ;
• дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;
• фаъолияти динии мубалиғони хориҷӣ ва ғайраҳо.

Ҳамчунин, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ). Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки «мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал (риск) зиндагӣ дорем».

Ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад. Инчунин, омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст - ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ фаъолияти чунин созмонҳои экстремистӣ мисли «Ал-Қоида», «Толибон», «Бародарони мусалмон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан– Нусра», «Гурӯҳи-24» ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. Аммо новобаста аз ин, бинобар маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, то имрӯз аз сӯйи ин ниҳод 85 нафар барои узвият бо «Ҳизби Исломии Ӯзбекистон», 64 нафар узви «Ҷамоати Ансоруллоҳ», 3 нафар узви «Толибон», 4 нафар узви «Ҷабҳат Ан-Нусра», 10 нафар – «Давлат-ул-Ислом», 7 нафар – «Мусалмонони Солеҳ», 11 нафар – «Ҳизб-ут-Таҳрир», 35 нафар «Салафия», 2 нафар – «Гурӯҳи 24», 14 нафар барои ҳамкорӣ бо «Ҷамоати таблиғ» боздошт шудаанд.

Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.

Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст.

Алъон вазъи марбут ба аъмоли террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.
        Тибқи маълумоти коршиносони боэътимод имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд. Ҳамасола дар арсаи терроризм дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф карда мешавад. Солҳои охир дар Аврупо, Амрико, Ховари Миёна, Африқо кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо амалҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқӯъ пайвастаанд. 

Вақтҳои охир раванди устувори ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои фаромиллӣ – гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа, хариду фурӯши одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба назар мерасад.

Мусаллам аст, ки мубориза бо тамоми ин хатарҳо бояд яке аз самтҳои муҳимтарини ҳамкории байналмилалӣ ва талошҳои муназами кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ гардад.    

 Равшан аст, ки дар мубориза бо терроризм фақат ба қувваи зӯрӣ ва нерӯи ҳарбӣ такя кардан мумкин нест. Гарчанде нақши иқтидори низомӣ муҳим аст, вале он дар ин арсаи мубориза василаи мутлақу ягона нест.

Аз дигар тараф агар кишварҳои пешрафта дар ҳамкорӣ бо давлатҳои рӯ ба инкишоф барномаи фароху созандаи муборизаро бо камбизоатӣ, гуруснагӣ, сатҳи пасти маърифат, бекорӣ ва бемориҳои гуногуни вазнин таҳия ва амалӣ сохта натавонанд, мо ҳамагон аз ин зуҳуроти зишт раҳоӣ ёфта наметавонем.

Бояд дар таҳвил ва интиқоли технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва маҷмӯи масоили иқтисодӣ, аз ҷумла ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфтани маҳсулоти дар кишварҳои олами сеюм тавлидшаванда иқдомоти воқеӣ, мураттаб ва муназзам амалӣ гарданд.

То замоне, ки як барномаи муттамарказ таҳия нагардад ва мавриди амал қарор дода нашавад, терроризм ҳамроҳи ногузири глобализм ва нусхаи он хоҳад буд.

“Дар чаҳорчӯби Созмони Конфронси Исломӣ низ бояд пиёда намудани иқдомоти воқеӣ ва фаъол сурат гирад. Кишварҳои сарватманди мусулмонӣ метавонанд аз тариқи кӯмаки ҳадафманду мунтазам ба мамлакатҳои рӯ ба тараққии олами ислом барои ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ ва бо ҳамин роҳ аз байн бурдани заминаву решаҳои терроризм мусоидати муассир намоянд, ки намунаи возеҳи татбиқи ояти раббонии «мӯъмин бародари мӯъмин» хоҳад буд, гуфтаанд”-Пешвои муаззами миллат, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон.

Ѓайр аз ин ташаккули фазои ягонаи иттилоотии олам ба хотири нест кардани пойгоҳу бошишгоҳҳои таълимии террористон муҳим аст.  

Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад. Асоси ҳуқуқии ин фаъолиятро дар кишвари мо уҳдадориҳои байналмилалии он, Конститутсия, Кодекси ҷиноӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ташкил медиҳанд.

        Солҳои 2006-2010 дар кишвари мо Барномаи давлатӣ оид ба мубориза алайҳи терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм мавриди татбиқи амалӣ қарор гирифта буд. Ин амалия то ҳол идома ёфта, ба ошкорсозӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани кирдорҳои террористӣ, роҳ надодан ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва таблиғоти террористӣ, таъмини амнияти шаҳрвандони мамлакат ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта аз таҳдиди терроризму ифротгароӣ равона шудааст.


Шукурова Зулхумор Тошпулотовна
Ассистенти кафедраи акушерӣ ва гинекологии № 2


24.08.2020     1034
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php