Терроризм таърихи тӯлонӣ дорад

Решаҳои терроризм бениҳоят амиқ ва мавқеияти иҷтимоӣ ва сиёсии он печ дар печ буда, ба ҷанбаъҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ пайвандӣ дорад. Терроризм реша дар таърихи сиёсӣ ва байналмилалӣ дорад. Дар мавриди ин ки нахустин иқдоми террористӣ чӣ вақт, дар куҷо, ба кадом ҳадаф ва чӣ гуна сурат гирифтааст, пажуҳишгарон ва муҳаққиқон назарҳои гуногун доранд. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи муосир афрод ва гурӯҳҳои сиёсӣ ва мазҳабие вуҷуд доштанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои хеш аз террор ва ваҳшатафканӣ истифода карда, тарс ва ваҳшат тарвиҷ ва шахсони бегонаро, ки кӯчактарин иртиботро бо мавзуъ надоштанд, қурбонӣ карданд. Қатли Ҳийпорхуш тавассути Ҳормудюш ва Орустигиюн дар соли 514-уми қабл аз милод, ки аз он ба ҳайси як иқдоми ошиқона ва бо озодӣ пайванддошта, ёд шудааст, ки барои нобудии яке аз ситамгарон ва ҷабборони таърих анҷом ёфтааст. Ҳокими Бобул ба табъид, зиндонӣ кардан ва куштори яҳудиён фармон дод, ки сабабгори фатҳи Бобул тавассути Куруши Кабир дар қарни VI-и қабл аз милод ва озодии яҳудиҳо гардид. Ҳамин тавр, аз террори шоҳон ё шаҳзодагон монанди Хусрави Парвиз дар соли 590-628 қабл аз милод ва террори Бардиё дар соли 521-и қабл аз милод метавон ёдовар шуд.

Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва поёни Ҷанги сард дар аввалҳои қарни XXI мо шоҳиди мавҷи навини терроризми байналмилалӣ ҳастем, ки аз методҳо ва тактикаҳои вижа истифода карда, монанди амалиёти интиҳорӣ, ки муҷиби қатли омми афроди ғайринизомӣ мегарданд. Вожаи терроризми навин одатан баъд аз ҳодисаи 11-уми сентябри соли 2011 дар адабиёти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ пайдо шуд.

Изабил Давистин, устоди яке аз донишгоҳҳои Голандия дар мақолае таҳти унвони «Чӣ чиз дар терроризми навин ҷадид аст?» саъй кардааст асосҳои ҷадиди терроризмро дар таҳаввули кунунӣ баён дорад. Ба назари вай терроризми навин хусусияти фаромиллӣ дорад. Он ифротгароии мазҳабӣ аст ва террористҳои ҷадид бо силоҳ куштори ҷамъии мусаллаҳ ва муҷаҳҳаз ҳастанд ва қурбониёни худро бо диққат интихоб мекунанд. Ҳодисаи 11-уми сентябр дар Амрико нуқтаи васл миёни терроризми қадим ва терроризми ҷадид аст.

Имрӯз терроризми ҷадид дар таҳаввули терроризм дар робитаҳои байналмилалӣ ва аз терроризми байналмилалӣ ба терроризми ҷаҳонӣ такомул ёфтааст. Мисоли онро метавон дар вуқӯи ҳодисаии 11-уми сентябр зикр намуд.    

Волтар Локуэр, дар мавриди терроризм китобҳо ва мақолаҳои зиёд дорад, терроризмро дар давраҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор додааст. Гуфтумони ҳар давраро мушаххас сохта, ба ин бовар аст, ки гуфтумони терроризм дар қарни XIX ва аввалҳои қарни XX посух додан ба беадолатиҳо буд, аз рӯи ногузирӣ, фақр, саркӯбии сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба терроризм рӯи меоварданд ва аз он ба ҳайси тактикаи расидан ба стратегия истифода мекарданд.

Локуэр гуфтмонии дигареро дар бораи терроризм дар қарни XIX зуҳури анархистҳо медонад, ки барои расидан ба мақсадҳояшон аз террор истифода мекарданд. Гурӯҳҳои анархистӣ дар солҳои 1870 ва 1920 бо истифода аз террор ва эҷоди ваҳшат кӯшиш доштанд ба ҳадафҳои худ наздик шаванд. Ба ҳамин далел террорҳои мухталифро дар гӯшаву канори Аврупо ва Амрико созмондиҳӣ мекарданд. Террори императори рус дар соли 1881 тавассути шахсе анҷом ёфт, ки идеологияи анархистӣ дошт. Террори раисиҷумҳури Амрико Уилям Мак-Кинли соли 1905 аз тарафи Леон Сенаро Лукас, паноҳандаи австриягӣ, ки пайрави афкори фалсафӣ буд, сурат гирифт. Террори Соди Корно, раисиҷумҳури Фаронса соли 1894, террори Антонио Коно Вос, садри аъзами Испания дар соли 1897 ва террори Умберто, подшоҳи Италиё дар соли 1890, террори Елизавет, малика иқдоми ба террор нокоми Бисмарк, садри аъзами Олмон ва террори Маҳдук Фердинанд ва ғайра тавассути гурӯҳҳои анархистӣ созмондиҳӣ шудааст. Гурӯҳҳои анархистӣ дар дастгоҳҳои давлатҳои аврупоӣ нуфуз дошта, ба иқдомҳои террористӣ даст мезаданд. Ҷиноҳи Артиши Сурхи Олмон, бригадаҳои сурхи Италия ва тундравони Русия сахт таҳти таъсири афкори анархистҳо қарор дошта, ба фаъолиятҳои террористӣ мепардохтанд ва чолишҳои зиёдеро барои подшоҳон ва раисони ҷумҳур эҷод мекарданд. Ба назари Локуэр гуфтмонии дувум баъд аз Ҷанги аввали ҷаҳонӣ соли 1914 шакл гирифт ва моҳияти терроризм тағйир кард. Дар паҳлӯи масъалаҳои миллӣ масъалаҳои мазҳабӣ матраҳ шуд ва ба дунболи он масъалаҳои идеологӣ, ҷиноӣ ва тиҷорати маводи мухаддир ба миён омад. Дар ин марҳила гурӯҳҳои террористӣ ғолибан гурӯҳҳои фашистӣ буданд.

Муҳимтарин гуфтмони имрӯз, ки аз 11-уми сентябр оғоз ёфтааст, «Терроризми байналмилалӣ» мебошад.

Яке аз хусусиятҳои терроризми навин пайванд додани хушунат, ваҳшатафканӣ бо расонаҳост ва террористҳо бо расонаҳо ҳамзистӣ ва робитаҳои зич доранд.

Анна Кария дар таҳқиқоте, ки дар соли 1998 дар бораи аҳамияти расона ва иқдомҳои террористӣ анҷом дода буд, возеҳ сохт, ки чӣ гуна расонаҳо иқдом ва фаъолиятҳои террористиро ба шакли ҳаяҷонбарангез ба тасвир мекашанд. Расонаҳо дар бузург кардан ва аҳамият додан ба таҳдидоти террористҳо дар афкори омма зеҳниятсозӣ мекунанд, тарс ва ваҳшатро пароканда месозанд ва террористҳоро дар таблиғи ҳадафҳояшон ёрӣ мерасонанд.

Дар соли 1899 ҷанг миёни Британия ва Африқои Ҷанубӣ (Трансилвания) ва Португалия, ки ҳазорҳо мард ва зан аз қавми бур маҷбур ба тарки хонаҳо ва рафтан ба урдӯгоҳҳои кории иҷборӣ шуданд ва садҳо инсон ба шеваи золимона террор гардидаанд.

Ҷиноятҳои истеъморӣ дар Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинист сабаби ба вуҷуд омадани наҳзатҳои раҳоибахши миллӣ дар баробари ситамгорони таърих гардид. Дар даҳаи 1960 ва 1970 даврони авҷгирии ҷунбишҳои миллигароӣ ва озодибахш буд. Дар ин марҳилаи таърих бисёр аз гурӯҳҳои инқилобӣ ва чапи демократӣ ба муборизаҳои сиёсӣ ва мусаллаҳона даст заданд. Давлатҳои ғарбӣ ин гурӯҳҳоро террорист ёд мекарданд. Бетардид, ҷаҳонӣ шудани терроризм бо ҳавопайморабоии духтари фаластинӣ бо номи Лайло Холид, узви ҷабҳаи «Халқ барои озодии Фаластин» гиреҳ хӯрда ва иллати тайёрарабоиро сарнишинони тайёра донистанд, ки аз гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон ва аз миллатҳои гуногун ташкил ёфта, мехостанд бадин минвол садои худро ба гӯши ҷаҳониён бирасонанд, то аз озодихоҳӣ ва эҷоди давлати мустақили фаластинӣ ҳимоят сурат гирад. Ҷунбишҳое, ки барои озодӣ, истиқлол ва ҳокимияти миллии хеш ба мубориза ва муқовимати мусаллаҳона даст заданд, муборизони озодихоҳ буданд, ки барои берун рондани аҷнабиҳо аз ҳар усул ва васила истифода мекарданд, то ғосиб ва аҷнабиро маҷбур ба ақибнишинӣ ва тарки сарзаминҳои ишғолии худ созанд.

Ҳамчунон, қазияи даҳшатнок, ки бо марги беш аз шаш миллион яҳудӣ ва панҷ миллион лаҳистонӣ анҷомид, яке аз бузургтарин ҷиноятҳои зиддибашарӣ аст, ки ба шеваи золимона ва террористӣ анҷом ёфтааст. Бомбаборони ҳастаии Нагасаки ва Хиросимаи Ҷопон, ки ба марги 140 ҳазор инсони бегуноҳ сабаб гардид, аз ҷумлаи бузургтарин ҷинояти таърих маҳсуб мегардад.

Терроризми муосир, ки ранги мазҳабӣ дорад, бар асоси аҳду паймони мазҳабӣ ва бо тавассул ба ақидаҳои динӣ амал менамояд. Бино бар таҳлили дақиқ ва оморгирии ҳамаҷониба дар соли 1995 наздик ба нисфи террористҳои фаъоли байналмилалиро афроди мазҳабӣ ташкил медод.

Гуруҳҳои мазҳабӣ анвои зиёдеро дар бар мегирад, ки теъдоди маҳдуди онҳо ба чунин фаъолиятҳо мубодират меварзанд. Бисёре аз гурӯҳҳои мазҳабӣ ба муборизаи ошкорои сиёсӣ боварманд ҳастанд ва дар чаҳорчӯби омӯзаҳои динӣ дар қолаби қонуни нофизаи кишварҳо амал мекунанд.

Таҷрибаи мубориза бар зидди терроризм нишон додааст, ки хатарноктарин навъи терроризм терорризми мазҳабӣ аст. Фалсафаи сиёсии онҳо муборизаи оштинопазир аст. Терроризми байналмилалӣ дар Шарқ ба марзҳои миллӣ, минтақаӣ, ба нажод ва қавм аҳамият надода, чизе, ки барои онҳо аҳамият дорад масъалаи «уммат»-и исломӣ аст. Ин гурӯҳҳо барои эҳё ва таҷдиди хилофати исломӣ, ҳокимияти Қуръон ва ҷорӣ сохтани шариати исломӣ ҷиҳод менамоянд. Терроризми мазҳабӣ зарфияти онро пайдо кардааст, ки ба терроризми байналмилалӣ табдил гардад. Террористҳои мазҳабӣ дар ҳама ҷо барои худ «лона сохтаанд». Дар кишварҳои аврупоӣ фаъолият доранд. Ба қавли агентии Дейли Телеграф: «Мақомоти амрикоӣ ба ин бовар расидаанд, ки англисҳо ба хотири ин ки теъдоди зиёди ҳомиёни «Алқоида» дар Англия зиндагӣ менамоянд, таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти Ғарб ҳастанд. Дейли Телеграф дар идома афзудааст, ки «Ду сол пеш Ҷонтон Ивонз, раиси хадамоти махсуси Англия (М16) эълон кард, ки ду ҳазор ҳомии ҷиддии «Алқоида» дар Англия зиндагӣ мекунанд…».    

Терроризми байналмилалӣ фаъолияти фавқуллода ваҳшатнок ва хушунатомез аст, ки буҳрони иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар сатҳи кишварҳо, буҳрони амнияти байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва буҳрони эътимод дар сатҳи шаҳрвандони кишварро ба вуҷуд меорад. Дар фаъолиятҳои терроризми байналмилалӣ иқдомҳои зиддибашарӣ, наслкушӣ ва ваҳшат нуҳуфта аст.

Террористҳо дар шабакаҳои мухталифи ҷаҳонӣ босуръат дар ҳоли афзоиш ҳастанд. Муҳити амниятии ҷаҳонро ба чолиш кашида, фазои воқеӣ ва маҷозии муносибе барои рушду инкишофи андешаҳои хушунатбор ва радикалии хеш халқ намудаанд. «Алқоида» ва гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ дар Аврупо: Олмон, Фаронса, Британия, Голландия, Белгия ва Испания ба суръати баланд афзоиш ёбанд. Дар кишварҳои Африқо ва атрофи Баҳри Миёназамин: Алҷазоир, Судон, Марокаш, Тунис, Либия, Нигерия, Кения фаъолият мекунанд. Дар Шарқи Миёна: дар Яман, Қувайт, Ироқ, Сурия, Урдун, Туркия, Лубнон, Арабистони Саудӣ, Миср, дар ҷанубу шарқии Осиё: Индонезия, Малайзия, Филиппин, Ҳиндустон, Бангладеш, Покистон, дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Ӯзбекистон, Чечня, Гурҷистон, ғарби Чин- Уйғур, Озорбойҷон, Доғистон, дар ҳавзаи Балкан, дар Эрон, Афғонистон ва дар беш аз 61 кишвар «Алқоида» ниҳодҳои сиёсӣ ва ташкилотӣ дорад.

Дар таърихи се ҳазору панҷсадсолаи башар дусаду панҷоҳ сол инсонҳо дар сулҳи умумӣ ба сар бурдаанд. Дар қарни бистум аз даврони эҷоди Созмони Милали Муттаҳид то имрӯз 150 ҷанги дохилӣ ва байналмилалӣ ба вуқуъ пайвастааст. Дар солҳои 1939-1990 танҳо 24 ҷанг рӯй додааст. Талафоти молӣ ва инсонӣ фавқуллода бузург аст. Аз соли 1945 то 1985 бидуни муҳосибаи қурбониёни бомбаи атомии Хиросима ва Нагасакӣ ҳадди ақал 23 миллион нафар дар 135 ҷанг кушта 12 миллион нафар беҷо ва табоҳ шудаанд.

 Қ.Н. Носиров, сардори шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа, н.и.т., дотсент


06.05.2019     13