Тероризм ва экстремизм падидаи номатлуби замони муосир

Дар миёни омилҳои бузург (хатарнок)-и таҳдидкунандаи ҷомеаи чахони терроризм ва экстремизм мавқеи ба худ хосро касб кардааст. Амалиётҳои хурду бузурги терористие, ки сабаби марги нобаҳангом ва боис ба ҷароҳатҳои вазнини ҷисмони, инчунин зарари калони иқтисодию иҷтимои дар гушаҳои гуногуни дунё мегардад, шаҳодатдиҳандаи тероризми байналмилали ба шумор меравад, ки ба намояндагони қавму нажод ва динҳои мухталиф тааллуқ дорад.
Терроризм-сиёсати асоснокшудаест, ки ҳадафи асосии он истифодаи мунтазами террор аст. Синонимии калимаи террор (лат.- тарс, ҳарос) таҷовуз, тарсондан, воҳима мебошад. Ин мафҳум тавсифи умумии ҳуқуқи қабулшуда надорад. Дар Руссия мафҳуми терроризм ҳамчун идеологияи таҷовуз ва амалан таьсир кардан ба шуури ҷамьияти дар қабул ба қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти маҳали худидоракуни ё ташкилотҳои байналмилали фаҳмида мешавад.
Одамони шомили гуруҳҳои терористи аз табақаҳои гуногуни ҷамьияти буда, аксаран худро мансуби ин ё он равияи дини ва ҷамьияти хонда, дар симои он манфиатҳои шахсии хешро мавриди истифода қарор медиҳанд. Таҳлилхои охири экспертон нишон дод, ки афроди ба доми фаьолони ин гуруҳҳо афтода ҷавонони синну соли аз 18 боло буда, фориғ аз таҳсил ва касбу кори доими мебошанд. Ё инки надоштани маьлумоти кофи нисбати фаьолияти гуруҳи даьватшаванда, паст будани маьлумоти дини, аз ҷиҳати руҳиву равони заиф будан, зудбовари ва монанди ин омилҳо таьсири худро мерасонад.
Талоши ҷомеаи чаҳони дар мубориза бар зидди амалиётҳои террористи ва гуруҳҳои террористи ин ба вуҷуд овардани ҳуқуқу озоди барои афроди зери фишор қарор дошта ва муҳаё кардани шароити зиндагии беҳтару хубтар аст. Мақсади ташкил кардани қувваи зиддитеррористи ҳимояи шахсиятҳо, ҷамьият ва давлат аз хатар ва зуҳуротҳои террористист. Вазифаҳои асоси ба даст овардани мақсади дар боло зикр шуда иборат аст: аз ошкоркуни ва дур кардани омилҳое, ки дар амалишави ва паҳншави терроризм мусоидат мекунанд; ошкоркуни ва пешгири таьсири шахс ва ё ташкилоте, ки барои омодакуни ва иҷрои ҷинояти дорои хусусияти террористи дошта равона шудаанд; таьсири мутақобила ба паҳншавии идеологияи терроризм, ба вуҷуд овардани чорабиниҳои фаьоли маьлумотдиҳи ва тарғиботи дорои хусусияти зиддитеррористи дошта.
Нақши Чумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт хеле бузург аст. Роҳбарияти он ҳамеша дар конференсияҳои гуногуни байналмилали аз оқибат ва хатари тероризми байналмилали ва минтақави ёдовари намуда, нисбати таьсири он ба амнияти кишварҳои ҷаҳон изҳори нигарони намуда, масьалаи ҳарчи зудтар ва саривақт пешгири ва бартараф кардани падидаи номатлуби замонро мавриди барраси қарор медиҳад. Дар вохуриҳо ва маҷлисҳои сатҳи ҳукумати бо намояндагони табақаҳои гуногуни ҷамьияти - донишҷуён ва устодон, зиёиён ва ходимони илм, роҳбарони идораву ташкилотҳои ҷамьияти масьалаи зираки ва ҳушёри, босаводи ва омузиши забонҳои хориҷи, инчунин мутахассиси баланихтисос будани ҷавононро яке аз омилҳои муҳими пешгирии ҷавонон аз даст задан ба ҷиноят ва шомил шудан ба гуруҳҳои ифроти ҳисобида ва болобарандаи ҳисси милли ва ватандусти ҷавонон мешуморанд.
Ҳасанов Ф.Ҷ. н.и.т., дотсент , Одинаева Л.Э. н.и.т., дотсент, Нушервони Билол. Омӯзгорони кафедраи беҳдошт ва экология.

27.11.2020     503
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php