Табиат холигиро намеписандад…

Терроризм аз замони пайдоиши аввалин давлатҳо арзи вуҷуд дорад. Терроризм – падидаест, хело мураккаб,ки паҳлуҳои зиёде дорад ва ҷамъиятшиносону ҷангшиносон то ба ҳол оиди ин падида хело коғазҳо сиёҳ кардаву китобҳои зиёди илмӣ – оммавӣ ва сиёсӣ навиштаанду менависанд. Терроризмро ба таври мухтасар олоти махсуси идоракунии минтақаҳо, давлатҳо, динҳо ва тамаддунҳо гуфтан мумкин аст. Яъне терроризро давлатҳои абарқудрати ҷаҳон вобаста ба мавқеи геополитикияшон, ё манфиятҳои иқтисодиву сиёсияшон ба фоидаи худ истифода мебурданд, мебаранд ва дар оянда низ хамин тавр чун олоти сиёсӣ истифода мебаранд. Хусусан дар замони глобализатсия, давлатҳои хурду камқувват қурбони бозиҳои сиёсии абарқудратҳо гашта, сохтори сиёсияшонро аз даст медиҳанд. Бинобар ин «сохтори қудратӣ, ё амниятиро» зарур аст, ки барои бехатарии давлату миллат ҳамеша омода бошанд. Ҷавононро зарур аст, ки «зиракии сиёсиро» аз даст надода, ҳушёр бошанд, то ки давлати моро бори дигар ба ҷангу хунрезӣ накашанд. Дар ин самт тамоми вазоратҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати маориф ва илм корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд, лекин аксаран камтаъсир мебошанд. Ҳанӯз 20 сол пеш бо ташаббуси Пешвои Миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Қуръон» - китоби муқаддаси мусулмонон ба забони тоҷикӣ (хуруфоти кирилӣ) баргардонда шуда буд, то ки ҷавонон онро хонда аз исломи пок огоҳ шаванд. Аммо гузашти вақт нишон дод, ки ин ташаббуси Ҷаноби Олӣ бо сабабҳои маълум камтаъсир будааст. Агар дуруст назар кунем, ба ҷавонони имруза касе ба таври бояду шояд мазмуни «Қуръон»-ро намефаҳмонад ва яке аз сабабҳои ба терроризм гаравидани ҷавонон ҳам дар надонистани исломи ҳақиқӣ мебошад. Табиат холигиро намеписандад. Ҷавонон чи дар Точикистон ва чи берун аз он ғизои маънавиро аз интернет мегиранд, ки аксаран ба мазҳабу менталитети мо созгор нестанд. Аз ҷумла ақидаҳои ҷараёни салафия, ки дар хориҷа хело ривоҷ дорад. Пешниҳоди мо ҳамин аст: Кумитаи оид ба дин ва Шурои уламои динро зарур аст, дар якчоягӣ бо олимону эшонҳои маъруф, ки дар байни мардум обруву эътибори зиёд доранд, дар телевизион (ақалан ҳафтае 1 соат пас аз соати 20 шабона) ва рузномаҳо мунтазам (дар ҳар як шумора як саҳифа) баромадҳоро ташкил кунанд. Мардуми мо аз қадим (менталитет) ба муйсафедону пирон ва эшонҳои хирадманд эътиқоди зиёд доранд. Аз ин таҷриба даст кашидан лозим нест, зеро ки дар аксари кишварҳои мусулмоннишин аз он истифода мебаранд. Ба фикри мо ин ҳам яке аз роҳҳои таъсирбахши пешгирии ифротгароӣ ва терроризм мебошад. Ҷавононе, ки аз хориҷа ба ватан бармегарданд, ба панду насиҳати пирон эҳтиёҷи зиёд доранд. Мо хостори пойдории сулҳу оромӣ дар кишвари азизамон - Тоҷикистон ҳастем. 
 Ассистенти кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ Меликов Б.Х.

16.09.2020     461
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php