Фоҷеаи террори равонпизишки маъруф Минҳоҷ Ғуломов

Фоҷеаи террори равонпизишки маъруф Минҳоҷ Ғуломов

23 сол муқаддам олими шинохта, доктори илми тиб, профессор, академик, узви вобастаи Академияи илмҳои тиббии СССР, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино  Минҳоҷ Ғуломов бераҳмона кушта шуд. 

Минҳоҷ Ғуломов 3-уми сентябри соли 1923 дар гузари Қӯшҳавзи шаҳри Самарқанд ба дунё омада, соли 1952 факултети муолиҷавии Донишкадаи тиббии Самарқанд ба номи И.П. Павловро бо баҳои аъло хатм кардааст. 

Ӯ солҳои 1952-1954 ординатори Институти психиатрияи назди Вазорати нигоҳдории тандурустии СССР, солҳои 1954-1957 аспиранти Институти умумииттифоқии тадқиқотии илмии психиатрияи умумисудии ба номи В.П. Сербский, солҳои 1957-1960 роҳбари Маркази ҷумҳуриявии клиникии психиатрия, солҳои 1960 – 1996 мудири кафедраи психиатрия ва наркологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ҳамчунин аз с.1974 ноиби ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд. 

Бо ибтикори ӯ дар мамлакат аввалин марказҳои реабилитатсионии бачагонаи психиатрии соҳаи тандурустӣ таъсис дода шудаанд. Ӯ дар соли 1964 ба дастоварди духтури хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан Аълочии Вазорати саноати химияи ҶҲБ, Эксперти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) дар соҳаи психиатрия ва наркология (аз с. 1986) муваффақ гардид. Он солҳо ӯ аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ягона намояндаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) буд. Мураттабсози лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии психиатрӣ”(2002). Мероси илмии академик Минҳоҷ Ғуломов зиёдтар ба масъалаҳои умдаи психиатрия бахшида шудаанд. Ӯ бори аввал алоқаи патогенези (сарчашмаи) алоими Кандинский (автоматизми рӯҳия)-ро бо бемориҳои асосӣ (масалан, шизофрения-савдоӣ), ки дар онҳо иллати мазкур хурӯҷ мекунад, муайян намудааст. 

Академик Минҳоҷ Ғуломов муалифи зиёда аз 377 таълифоти илмӣ, 18 монография, 13 кашфиёт, 8 китоби дарсӣ, 48 дастури таълимӣ, аз ҷумла китоби дарсии: 

1.  Луғати истилоҳоти эпиномикӣ дар равонпизишкӣ — Киев, 1984. 

2.  Психиатрия. — Душанбе, 1993, 

3.  Равонпизишкӣ — Душанбе,1996 , нахустин дастури таълимии 

4.  “Шакли таваҳҳуми алоими автоматизми равонии Ғуломов”, 

5.  “Тавоҳҳуми даҳонуҳалқии Ғуломов”, 

6.  ”Алоими Кандинский-Клерамбо-Ғуломов” ва диг.

Дар тӯли фаъолияти худ академик Минҳоҷ Ғуломов беш аз 400 нафар табибон, равонпизишкҳоро барои соҳаи тандурустии кишвар таълим додааст. Зери роҳбарии бевоситаи ӯ 34 нафар унвонҷӯ рисолаи номзадӣ ва 2 унвонҷӯ рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд. 

Ӯ сазовори ҷоизаҳои “Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино” (1977), ордени “Ленин”, ордени “Револютсияи Октябр”, ду ордени “Нишони Фахрӣ”, нишони “Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон” (пас аз маргаш), медалҳо ва ифтихорномаҳои соҳавӣ гардидааст.
Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон соли 2004 Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи Минҳоҷ Ғуломов гузошта шудааст.

Бояд гуфт, ки китоби “Психатрия”-и ӯ китоби рӯйимизии тамомоми равоншиносони дунёст.
Соли 1996 Минҳоҷ Ғуломов ҳамроҳи ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Баширхон Исҳоқӣ  бераҳмона кушта шуд. Фоҷеаи куштори табибон ва олимони забардаст мардуми кишварро бисёр сахт адуҳгин намуд. 

Барои ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИТ фаъолияти худро дар ҳудуди Тоҷикистон аз бедодгарӣ, қатлу ғорати ашхоси номвару муътабари кишвар оғоз карда буд. ҲНИТ ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар қатори дигар аҳзоб мудати тӯлонӣ фаъолияти расмӣ дошт, вале ҳамеша кӯшиш мекард, ки тамоми фаъолияти экстремистию террористии худро дар зери ниқоби дину мазҳаб пӯшиш диҳад.  Далели раднопазир аст, ки фаъолияти тахрибкоронаи наҳзатиҳо сабаби ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 гардида, террору ҷиноятҳои зиёдеро бар зидди мардум анҷом медоданд. Ҳарчанд масъулони ҲНИТ аз адолату озодӣ, ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии кишвар, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ сухан мекарданд, вале дар амал барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон аз содир намудани ягон ҷинояту хиёнат худдорӣ намекарданд. Боқимондаҳои наҳзатиёни фирорӣ то ҳанӯз ноҷавонмардона дар расонаҳои хабарӣ бо туҳмату буҳтон алайҳи давлату миллат кинаю адоват меварзанд.  Наҳзатиҳо, ки душмани сулҳу оромӣ, илму дониш, санъату ҳунар, фарҳангу маърифат ва эҷодкорӣ мебошанд, дар давоми фаъолияти худ, бахусус солҳои ҷанг, олимону сиёсатмадорон ва дигар чеҳраҳои саршиноси кишварро ваҳшиёна ба қатл расонданд. Ин фоҷиа ва даҳшате, ки хиёнаткорон ба сари миллати тоҷик оварданд, басо нангину дарднок буда, то абад ҷуброннопазир хоҳад буд.  Аз дасти террористони наҳзатӣ олимону донишварон, рӯзноманигору сиёсатмадорон ва адибону эҷодкороне кушта шуданд, ки на танҳо дар ҷумҳурии мо, балки берун аз марзи он ҳам шинохта шуда, обрӯю нуфузи зиёд доштанд. Бо ин амал гурӯҳи террористон чароғи илму маърифатро дар кишвар хомӯш кардан мехостанд. Қаҳрамони ИҶШС Ҳайдар Қосимов, физикдон ва файласуфи шуҳратёр Муҳаммад Осимӣ, Прокурори генералӣ Нурулло Ҳувайдуллоев, равонпизишки маъруф Минҳоҷ Ғуломов, ҷарроҳи номвар Юсуф Исҳоқӣ, адиби пурмаҳсул Сайф Раҳимзоди Афардӣ, рӯзноманигорони нуктасанҷ Отахон Латифию Муҳиддин Олимпур, ва даҳҳо олимону донишмандони дигар бо дасти наҳзатиҳо бераҳмонаву ваҳшиёна ба қатл расиданд. Ин ҳама қатлу кушторҳо ба таври силсилавӣ рӯи кор омада, ба ҳамдигар пайвандӣ ва шабоҳате доранд ва, албатта, усули фаъолияти бадхоҳони наҳзатӣ дар онҳо бармало маълум мебошад. Анҷом додани чунин амалҳои ваҳшатангез андешаи бевоситаи роҳбарияти созмони террористию экстремистии ҲНИТ буда, ба хотири гумроҳсозии мардум ва дар муқобили ҳукумати вақт шӯрондани аҳолӣ роҳандозӣ шудаанд. Зеро ҳар яке аз ин чеҳраҳои саршиноси кишвар дар самти фаъолияти худ пешрафтаву таъсиргузор буданд ва сухани онон метавонист мардумро аз майдоннишинӣ, душманӣ ба якдигар, тафриқаандозӣ нигоҳ дорад. 

Пас, тасаввур кунед агар ин олими машҳур ҳанӯз дар ҳаёт мебуд ва риштаи умри ӯ ноҷавонмардона бурида намешуд соҳаи тибби кишвари азизи мо боз ҳам зиёдтар тараққӣ мекард ва шӯҳраташро дар байни кишварҳои ИДМ аз даст надода, онро дар тамоми дунё густурда месохт. 

  Қ.К. Қобилов,   муовини ректор

 оид ба корҳои муолиҷавӣ, н.и.т., дотсент


02.05.2019     19