Рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Рушди сайёҳӣ дар  Тоҷикистон

Консепсияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 апрели соли 2009 тасдиқ шудааст, қабул гардидани як қатор санадҳои меъёрӣ вобаста ба содда кардан ва ҷорӣ намудани тартиби нави раводиди туристӣ барои сайёҳони хориҷӣ имко­ниятҳои нави инкишофи соҳаро ба миён меоранд.

Дар пайёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як чанд масъалаҳои муҳимро вобаста ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пеш гузоштанд, ки онҳо: воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ, аз пардохти андозу гумрук озод карда шудани ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият ва амсоли инҳо мебошанд.

Ҳамчунин Пешвои миллат ба Ҳукумати кишвар дастур доданд, ки ба хотири рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани карзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монданд. Инчунин, ба мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона, аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд.

Дар айни замон сайёҳиро ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳо андешида истодааст, ки ба рушди туризм дар ҷумҳурӣ, ташкил намудани дастрасии бештари ҷумҳурӣ барои омаду рафти сайёҳони хориҷӣ, беҳтар намудани ҳолати инфрасохтори мавҷудаи сайёҳӣ ва санаторию курортӣ, ҷалби сармоягузориҳо нигаронида шудаанд.

Қарорҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои табобати санаторию курортӣ, истироҳат ва туризм эълон намудани ноҳияҳои Варзобу Балҷувон ва дараи Ромит ба рушди сайёҳии дохилӣ мусоидат намуданд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ бештар аз 60 %-и объектҳои санаторию курортӣ ва сайёҳӣ барқарор шуда, бештар аз 70 объектҳои хусусии сайёҳӣ сохта шудаанд, ки онҳо барои ташкили истироҳату табобати шаҳрвандони ҷумҳурӣ, шуғли аҳолӣ ва ҷалби сармоягузориҳои ватанӣ ба инфрасохтори мазкур шароити воқеӣ фароҳам меоварад.

Захираҳои фароғатии ҷумҳурӣ, мавҷуд будани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ махсусиятҳои маҳсулоти туристии муташаккилро муайян менамояд, ки пешниҳоду фурӯши он ба бозори ҷаҳонии хизматрасониҳои туристӣ ҷалби сайёҳони хориҷиро ба ҷумҳурии мо таъмин менамояд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки рушди туризм дар Тоҷикистон на танҳо зарурати пайдоиш, барқароршавӣ ва такмили намудҳои гуногуни туризмро дар ҷумҳурӣ ба миён овард, балки ба пурзӯр гардидани таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, фаъол гардидани мубодилаи туристии дар миқёси байналмиллалӣ аз рӯи ҳамкориҳои дуҷониба татбиқшаванда баррасии масъалаҳои соддатар гардонидани расмияти раводидӣ, сарҳадӣ ва гумрукӣ, фароҳам овардани иқлими мусоиди андозӣ, зарурати ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба ин соҳа мусоидат намуд.

Дар паёми навбатии худ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшид. Бо мақсади вусъат бахшидан ва бо назардошти зарурияти инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот – сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шавад”.

Ин албатта барои боз ҳам обод кардани Ватани азизамон, рушди сайёҳӣ, инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард.

М.Ю. Холматова, омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷӣ


25.04.2019     19