Марҳилаи нави рушди деҳот

(Дар партави Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Дар замони Истиқлолият тавассути роҳнамоиҳои хирадмандонаи Сарвари давлатамон Тоҷикистон тавонист ба як кишвари рӯ ба тараққӣ табдил ёбад. Ин аст, ки ҳар сол дастовардҳои миллат ва давлати тоҷикон дар Паёмҳои Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғоз то анҷом дарҷ мегарданд. Ва ҳар сол дар ҳар Паём тозагӣ ва ҳадафмандии қавитару вазифаҳои тақдирсози нав ба нав гузошта мешаванд. Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26-уми декабри соли 2018 ироа гардид, Паёми тағйирдиҳандаи ҳаёту зиндагии мардуми кишварамон буд.

Дастовардҳои соли қаблӣ расман оғоз гардидани ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар соҳаи об: Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” дар Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид, ба кор андохта шудани чархаи авали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”- иншооти тақдирсоз ва кушода шудани марзҳои ду кишвари ҳамсояву бародар — Ӯзбекистону  Тоҷикистон муҳимтарин дастовардҳо арзёбӣ шудаанд.

Падидаи дурахшони навбатӣ дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  эълон шудани солҳои 2019 – 2021 мебошад. Ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зам шудани рушди деҳот мантиқан хеле созгор ва саривақтист, зеро дар баробари ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ, инчунин, деҳоти ҷумҳурӣ рушд мекунад. Мақсад аз “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  эълон шудани солҳои 2019 – 2021 чунонки дар Паём омадааст,: “…беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаи маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.”

Бо мақсади вусъат бахшидан ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Зеро беш аз 73 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Ба андешаи Сарвари давлат, барои бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ як сол басанда нест. Ба ҳамин хотир барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Пешвои миллат мақсади асосӣ аз ин пешниҳодҳоро дар амалӣ гардонидани талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани ифрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин арзёбӣ намуданд. Аз ҷониби ЮНЕСКО эътирофи байналмилалӣ ёфтани арзишҳои таърихии маънавӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон низ пирӯзии фарҳангии кишвари мо дар замони Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Хусусан, эътироф шудани «Шашмақом», «Оши палав» ва «Чакан» ҳамчун мероси ғайримоддии мероси башарият аз ҷониби ЮНЕСКО такони ҷиддиест, дар рушди соҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон.

 

Бахтовар Мавлонов,

омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ


27.03.2019     28