Китоб- манбаи дониш

Китоб- манбаи дониш


Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст. 

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни чаҳони мутамаддин, хоса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдурраҳмони Ҷомӣ китобро чун " Фурӯғи субҳи доноӣ " ба қалам додааст. Инсон метавонад ба воситаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсату иктисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд. Дар Аврупо низ китобнашркунӣ аз вараҳҳои яклухт баъд ба пуст ва ниҳоят ба коғаз гузашт. Китоби мукаддаси "Авасто " низ аввал дар пӯсти гов навишта шудааст. Асрҳои миёна дар Осиё санъати хаттотӣ хеле инкишоф ёфт. Асарҳои мутафаккирон Абурайҳони Берунӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Чомй, Навой аз ҷониби хушнависон иншо гардида, накл ба накл гузаштанд. Хушбахтона, китобҳои сафолину сангӣ ва накши рӯи чубҳо то замони мо расида, имруз зиннати осорхонаҳои мӯьтабари чаҳонианд.

Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эҳё гардида, олами тафаккури мардумро мисли субҳ равшан мекунад. Агар дакиктар андеша ронем, китоб рафиқи ҷонии инсон аст. Дар лаҳзаи вазнинӣ, бахусус танҳоӣ китоб дар бари мост. Ин андеша дар шеъри Чомӣ хеле мӯҷаз ифода ёфтааст. Халки тоҷик аз шумораи он халҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътикоди хосса дорад. То омадани ислом ва истилои арабҳо низ аҷдодони мо анъанаи хуби китобнавией доштанд. Аз он давра ёдгориҳои хаттие, мисли «Авесто» «Ёдгории зарирон», "Дарахти асурик" бокӣ мондааст. Махсусан, замони салтанатии Сомониён барои рушду камолоти сухан ва анъанаи китобдорӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард. Дар Бухоро давраи Сомониён китобхонаи калони давлатӣ бо номи "Ганҷинаи ҳикмат " амал мекард. Хушбахтона, имруз дари Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба рӯи ҳамаи ниёзмандон боз аст. Вокеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавӣ, зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ: «Хонаи бе китоб рӯзи беофтоб» аст. Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Точикистони соҳибистиклоли мо мавкеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хонаи маънавии мардум гузошта мешавад.

 

С.М. Расулов       дотсент, номзади илми филология


18.04.2019     20