Интернетро бояд бо роҳи дуруст истифода бурд

Интернетро бояд бо роҳи дуруст истифода бурд

Ҳар чизи бавуҷудомада ва пайдошударо дар ин аср ҳадафмандона ва бо мақсади нек истифода намудан яке аз асосҳои тафаккури солими ҳар гуна ҷомеа ва инсон шинохта шудааст. Имрӯз дар чунин вазъи ҷаҳонишавӣ ҳар чизи бавуҷудомадаро дуруст шинохтану қабул намудан ва ба он чӣ ки худи мо - тоҷикон дорем монанд намудан лозим аст. Дар ин росто ақли солиме барои ҷомеа зарур аст, ки барои халқ хизмат намуда ва дар баробари ин чизҳои неку бади дар муҳит пайдо мешударо муайян кардану чизи неки онро таблиғ намудану ва чизи бади онро ба тавре барои муҳит фаҳмонидан зарур аст, ки худи муҳит аз он даст кашад. Дар ҳамин чиз мавқеи давлатмардон ва зиёиён муайян карда мешавад.

Табиати инсонӣ низ ҳамин гуна аст, ки то ба он таъсир нарасонед, он ҳақиқати барои ҷамъият даркориро пайдо намуда наметавонад. Ҳирс боқӣ мемонад. Ҳатто инро бо шурўи одамшавӣ низ метавон муқоиса намуд. Имрӯз яке аз воситаҳои муҳимми бавуҷудомадаи замони муосир, ки дорои хубу бад аст интернет мебошад. Оё ин воситаи бавуҷудомада барои кадом ҷомеа ва бо кадомин паҳлуҳояш муфид аст? Ин суол ва чиндин суолҳои дигар дар зер матраҳ карда мешавад.

Аксари донишмандон истифодабарандагони интернетро ба гурӯҳҳо раддабандӣ мекунанд ва дар ин росто аз ҷавонҳо низ ёдоварӣ намуда, дар раддабандӣ онҳоро ба хатарноктарин истифодабарандагон дохил намудаанд. Албатта аксари кишварҳои олам аз истифодабарии нодурусти интернет аз ҷониби ҷавонони кишварашон нигарониҳои зиёдеро баён намуда, роҳи чораро ҷӯё мебошанд. Дар ин росто кишварҳои абарқудрат низ дар бемақсад истифода гардидани интернет аз ҷониби сокинонашон ранҷ мебинанд.

Таи чанд рӯзи охир дар атрофи гарон гардидани нархи интернет дар кишвари мо низ сару садоҳои зиёд ба амал омада истодааст, ки бояд ба ин масъала воқеъбинона назар намуда, ба паҳлӯҳои муҳимми он диққат дод. Чи гунае, ки дар боло иброз намудем интернет ҳам хубӣ ва ҳам бадиҳои зиёдеро доро мебошад. Дар кадом маврид аз хубии интернет истифода мегардад ва дар кадомин маврид баръакс? Нахуст бояд гуфт, ки дар кулли донишгоҳҳои кишвар ва аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба қиммати интернет ягон тағйироте ворид нагардидааст. Дар донишгоҳ вуҷуд доштани интернет танҳо бо мақсади ба ин тариқ дониши худро васеъ намудани донишҷӯёну маълумотнок гардидани онҳо ба роҳ монда шуда, ҳар гуна истифодабарии ноҷои он дур аз манфиат аст. Бояд гуфт, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бинои асосӣ, маҷмаи нави таълимӣ, (шаҳраки “Шифобахш”) хобгоҳҳо дар умум 691 интернети ноқилӣ ва 450 беноқил вуҷуд дорад, ки донишҷӯён дар раванди таълим аз он ҳадафмандона истифода менамоянд. Илова бар ин, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон толори электронии тиббии донишгоҳӣ мавҷуд аст, ки донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамарӯза барои донишандӯзӣ васеъ ва тариқи ройгон истифода менамоянд. Дар ҳамаи биноҳои дар боло зикргардидаи донишгоҳ толорҳои хониш бо китобҳои таълимӣ бо се забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) мавҷуд аст, ки донишҷӯён аз он ба таври васеъ ҳамарӯза истифода мебаранд. Аз ин ҷиҳат, барои донишҷӯён ва ҳам барои кормандони донишгоҳ аз чунин интернет истифода намудан аз нигоҳи иқтисодӣ ва ҳам аз нигоҳи солимӣ муфид ва безарар мебошад. Бинобар ин, барои донишҷӯён истифодаи бомақсади интернет тариқи донишгоҳ фоидаовар буда, донишҷӯён низ онро бояд бо мақсади неку арзишманд ва барои ояндаи дурахшони худ аз ин восита истифода намоянд. Аз рӯйи таҳлилҳо имрӯз ҷавонони кишвар одатан аз шабакаҳои иҷтимоӣ бештар истифода мебаранд, ки барои онҳо аз чанд ҷиҳат бадиҳои зиёд дорад ва дар ин росто аксари рӯшанфикрон ва донишмандони муътабар ба он назаранд, ки фоидаи чунин шабакаҳо ба ҷомеа нисбат ба зарараш камтар аст. Шояд аз як тараф дар бархе матлабҳо баъзан факту рақамҳои ба илм такяшуда вуҷуд дошта бошад, вале ба шакли умум албатта не. Чунки инсоне, ки барои баён кардан сухани ҳақиқии қонунӣ дорад, ошкоро ба воситаи матбуот ва радиову телевизион рӯбарӯ мегӯяд. Албатта, бархеҳо мегӯянд, ки ман аз ин мамлакат дурам ва аз ин тариқ фикрамро баён кардану ризоият ва ё норизоиятиамро ба ин ё он воқеаи сиёсии кишвар ифода кардан мехоҳам. Дар ин ҳолат аз навишта ва вокуниши ӯ ба ин ё он воқеа дар матбуоти дохилӣ истифода мекунанд ва аз ин тариқ худро муҳофизат мекунанд.

Аз тарафи дигар шабакаҳои иҷтимоӣ монанди чойхонагап мебошад. Яъне одамон дар чойхона нишаста, байни худ росту дурӯғ чизе, ки мехоҳанд, мегӯянд. Дар байни ҳарфҳое, ки дар он ҷо гуфта мешавад, ҳақиқату дурӯғ ва ҳатто дастгирии росту дурӯғ аст. Дар ин гуна шабакаҳо ба одамҳои гуногуни ношинос вохӯрдан мумкин аст, ки чизе гуфтан мехоҳанд. Ҳатто ба шумо маълум нест, ки ӯ ҳарфи гуфтаашро аз ақли худ мегӯяд ё бегона. Дар ин ҳолат эътимоднокии ин гуна шабакаҳо аз байн меравад. Пас, ин гуна маводҳо дар чунин шабакаҳо на эътимоднок аст ва на илмӣ. Чизи илмӣ – ин ақидае, ки дар баҳс пайдо мешавад, баҳс ба илм устувор аст, яъне ба санади китобиву сабтшуда. Шабакаҳои иҷтимоӣ барои дурӯғ гуфтану ғалат навиштану сохтакорӣ имконият фароҳам меоварад.

Аз ин нигоҳ вай як василаи ҷангандозӣ ба ҳисоб меравад. Яъне як василаи ҷанги сард ва технологияи навтарин дар ин намуди ҷанг истифода бурда мешавад. Ин ҷанг бо мақсади тағйир додани эътиқод ба роҳ монда мешавад. Дар ин ҷанг одоби зиндагиро тағйир додан мехоҳанд, яъне одоби зиндагиро ба ҳамон фаҳмиши худ мувофиқ кардан мехоҳанд. Масалан, дар як ҷо одоби аҳли исломро муаррифӣ кардан мехоҳанд, дар ҷойи дигар одоби аҳли зиндагии дунявӣ доштаро ба одоби исломӣ мувофиқ кардан мехоҳанд, дар баъзе маврид ягон амали ғайриқонуниро қонунӣ нишон додан мехоҳанд, яъне шаклҳои гуногуни таблиғ вуҷуд дорад ва банобар ин, дар миён ҷанги сарди дигар аст.

Бинобар он ки, маълумотҳо дар саҳифаҳои интернетӣ гуногун ва носаҳеҳ аст, барои ба дарcҳо омодагӣ дидан ва донишандӯзии донишҷӯён боварибахш нест ва барои ба даст овардани дониши мукаммал имконнопазир аст. Аз ин лиҳоз, дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино вобаста аз барномаҳои таълимӣ ҳамаи маводҳои таълимии зарурӣ ва иловагӣ дар сомонаи интернетии китобхонаи донишгоҳ, LMS -портали омӯзишӣ, пойгоҳҳои ҷустуҷӯии донишгоҳӣ вуҷуд доранд ва донишандӯзии донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар раванди таълим аз чунин имкониятҳои фарох, ки донишгоҳ баҳри донишҷӯён фароҳам сохтааст, истифода намуда, бо ин роҳ дониш ва таҷрибаи худро комил мегардонанд. Бо назардошти хусусиятҳои хоси таҳсилоти тиббӣ ғайр аз маводҳои таълимии электронӣ донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ аз китобҳои таълимии соҳавии дар толорҳои хониши донишгоҳ мавҷудбуда дониши худро мукаммал ва пурра мегардонанд.

Дар асоси далелҳои дар боло қайдгардида, бояд зикр намуд, ки овозаҳои бардурӯғе, ки бинобар баланд шудани нархи интернет барои донишандӯзии донишҷӯён мушкилӣ пеш меорад, ягон асос надорад. Баръакс, барои донишандӯзии донишҷӯён аз чанд ҷиҳат фоидаовар аст. Яъне, азбаски қаблан нархи интернет ниҳоят арзон буд, тамоми ҷавонон аз шабакаҳои иҷтимоии нодаркор (фейсбук, твиттер, инстаграм, вайбер ва ғайра, ки онҳо хусусияти таълимӣ надоранд) ва ба раванди таълим тааллуқнадошта истифода бурда, вақти зиёду маблағи зиёди худро беҳуда сарф мекарданд ва шумораи ҷавонони гирифтори бемории интернетӣ - интернетмания зиёд шуда истода буд. Ғайр аз ин, олимони тамоми дунё ва олимони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар асосҳои тадқиқотҳои илмӣ исбот кардаанд, ки истифодаи зиёди телефонҳои мобилӣ барои саломатии инсон, хусусан ҷавонону наврасон зарари ниҳоят ҷиддӣ дорад ва яке аз сабабҳои асосии пайдоиши бемории саратон мебошад. Бинобар ин боло рафтани нархи интернет пеши ин омилҳоро мегирад.

Хулоса, боло рафтани нархи интернет барои таълиму тадриси донишҷӯён таъсири манфӣ намерасонад.

Гурӯҳи аналитикии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино


 



23.04.2019     15