Дӯстӣ ғалаба кард…

Дӯстӣ ғалаба кард…

Президенти мамлакатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ вобаста ба воқеаҳои таърихии соли 2018 чунин таъқид карданд: «Ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола ба вучуд омадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон руйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум мебошад». Чи тавре, ки Пешвои миллат зикр намуданд, баъди ба ҳайси Президенти Ҷумхурии Ӯзбекистон интихоб шудани муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар муносибатҳои ҳамҷавории тоҷикону ӯзбекон тамоюлҳои мусбат вусъат гирифтанд.

Тамоми масъалаҳои ҳалталабу шиддатноке, ки тайи зиёда аз бист соли охир байни ду кишвар ба миён омада буданд, пурра ба тариқи мусбӣ ҳаллу фасл гардиданд. Ба ин дастовард мо баъди мулоқоту музокироти дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ва ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегии байни ҷумҳуриҳои бо ҳам дӯст ва бародар муваффақ гардидем.

Сиёсати оқилонаи сарварони ду кишвар буд, ки рафтуомади озодонаи ду халқи дӯсту бародар – тоҷику ӯзбек барқарор шуда, дар зарфи нӯҳ моҳ беш аз дую ним миллион шаҳрвандони озоди ду кишвар ба дидори хешу табори худ мушарраф гардиданд. Ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба маротиб боло рафтанд.

Маҳз самараи ҳамин сиёсати ҳалкпарваронаи сарвари ду кишвар буд, ки баҳори соли гузашта гузаргоҳи Шаҳртус-Гулбаҳор, ки вилояти Хатлонро бо вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мепайвандад, кушода шуд, баъди солҳои тӯлонӣ қитъаи роҳи оҳани «Ғалаба-Амузанг» -роҳи пайвасткунандаи кисмати ҷануби Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ифтитоҳ гардид.

Марзҳо боз шуданд, қолабҳои қаблӣ шикаста, ҳамкориҳо авҷ гирифтанд, назару нигоҳҳо комилан тағйир ёфтанд. Ба ифодаи маъмул, дӯстӣ ғалаба кард. Ин иқдоми хирадмандонаи сарони ду кишвар ба рафтуомади озоду бемамонияти шаҳрвандон, тақвияти робитаҳои тиҷоратию фарҳангӣ, мустахкам гардидани робитаҳои дӯстии миллати шарафманди тоҷику ӯзбек, афзун гардидаи молу коло, самаранок истифода бурдани захираҳои ҳар ду кишвар ва дар маҷмӯъ ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии арзандаю шоиста, заминаи воқеӣ гузошт.

Шодиву хурсандии мардум аз тантанаи кушода шудани сарҳадҳои ду кишвари ҳамсоз, ки халкҳояшон-тоҷикону ӯзбеконро расму оини муштарак дар тӯли асрҳо ба ҳам пайванд намудааст, имрӯзҳо ҳадду канор надорад. Ҳамагон бо дили пур ва фароҳу шодӣ, бо чеҳраи саршор аз мамнуният ва бо забони шаҳдбор қаноатмандии худро аз ин воқеаи бузург изҳор мекунанд. 17-августи соли гузашта аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳороти муштарак оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ имзо гардид.

Ҳамзамон дар ҳузури ду кишвар 27 созишнома ба тасвиб расонида шуд. Дарвоқеъ, изҳороти муштараки ду кишвар оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ, ҳуҷҷати нишотбахшу бошарофат аст. Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти ин изҳороти муштарак сухан ронда, аз он ки дар Самарқанд таъмиру тармими Осорхонаи асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва муҷассамаи Ҷомиву Навоӣ (рамзи дӯстии қадимаи тоҷикону ӯзбекон) оғоз ёфтааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ аз он, ки дар Душанбе боғи хурраме бо номи Мир Алишери Навоӣ бунёд мешавад, миннатдории худро иброз доштанд. Ин хуҷҷати беназирро, ки ифодагари азму иродаи орзуҳои халқамон мебошад, муҷассамаи ифодагари фикру андешаҳои неки сарварони ду кишвар дар роҳи манфиатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек арзёбӣ кардан мумкин аст.

Ҳамкориҳои тоҷикону ӯзбекон дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, табодули байни муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, воситаҳои ахбори омма, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва варзишӣ, ташкилотҳои ҷавонон ва бонувон тадриҷан вусъат меёбад.

Ин хуҷҷатро метавон, ҳамчун пайвандгари дилҳо, суруру бахти халқҳо арзёбӣ намуд. 28-уми марти соли гузашта бо ҳузури Президенти кишварамон ва бо ширкати зиёде аҳли Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар сатҳи баланд таҷлил шудани Ҷашни Наврӯз, ки ба тариқи рамзӣ «Шоми дӯстӣ» номида шуд, воқеаи хотирмон буд.

Бешубҳа, вуқӯи чунин падидаҳои рӯҳафзо минбаъд дар замини ҳар ду давлат пайваста идома хоҳанд ёфт. Соли сипаригашта боз як воқеаи муҳим рӯй дод. 17-уми августи соли 2018 дар доираи сафари давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои саҳми сазовори шахсӣ дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ, таҳкими ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарии байни халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик, барои хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории самарабахши Ҷумхуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда, ташаббусҳои самаранок барои таъмини сулҳ, амният ва суббот дар минтақа бо Мукофоти олии давлатии Ҷумхуриии Ӯзбекистон-ордени «Эл-Юрт Хурматӣ» сарфароз гардиданд. Субхи рӯзи 27-сентябри соли 2018 сарварони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе Боғи Низомиддин Алишер Навоиро ифтитоҳ бахшиданд. Ин боғи сарсабзу муаттар акнун боз як ифодагари барҷастаи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек хоҳад шуд.

Имрӯз дӯстию рафоқати ду аломаи бузург-Ҷомию Навоиро ду абарманди хирадманд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев давом дода, ба муносибатҳои неки ду халқи баробар файзу таровати тоза мебахшанд. Решаи ин муносибатҳои ҳамеша аз чашмаи зулолу мусаффо, ки таърихи тӯлони дорад, об мехӯранд.

Бо шарофати сиёсати оқилонаи сарварони ду кишвар дӯстиии ду халқ-тоҷику ӯзбек рӯз аз рӯз инкишоф ёфта, робитаҳои фарҳангӣ, адабӣ ва илмӣ ба зинаҳои баланд бардошта шуд.

Шубҳае нест, ки ин ҳама иқдомот вобаста ба муносибатҳои хамсоягӣ рӯз аз рӯз инкишоф меёбанд, боз ҳам мустаҳкамтар мегарданд. Дарахти дӯстие, ки сарварони ду кишвари бузург шодобаш мекунанд, минбаъд боз ҳам нашъунамо хоҳад ёфт...

Зуҳра Турсунова,  мутахассиси шуъбаи итилоот ва нашрия


25.04.2019     23