Ҳисобот оиди гузаронидани конференсияҳои илмӣ-амалии донишҷӯён дар кафедраи забонҳои хориҷӣ

Ҳисобот оиди гузаронидани конференсияҳои илмӣ-амалии донишҷӯён  дар кафедраи забонҳои хориҷӣ
Аз 5 то 13 октябри соли 2019 таҳти роҳбарии мудири кафедра, профессор У.Р. Юлдошев ҳафтаи конференсияҳои илмӣ-амалии донишҷӯён дар мавзӯи «Наrши Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон дар устувор намудани мавrеи забони давлатӣ» баргузор гардиданд, ки дар онҳо rариб ҳамаи донишҷӯёни курси 1 иштироr намуданд. Конференсияҳои хурди донишҷӯён бахшида ба эҷодиёти намояндаи бузурги адабиёти тоҷик Ҷалолиддини Балхӣ дар мавзӯи «Нақши осори мутаффакири бузург – классики адабиёти тоҷик Ҷалолиддин Балхӣ дар тарбияи маънавию ахлоқӣ ва ташаккули табиби муосир» аз 16 то 20 октябр доир гардид. Дар моҳи ноябр як rатор конференсияҳое, ки ба рӯзҳои Конститутсия, Президент ва Парчами давлатии Тоҷикистон бахшида шуда буданд, баргузор гардиданд. Дар арафаи рӯзи Конститутсия 4-5 ноябр дар мавзӯи «Конститутсия - бахтномаи мо» конференсия доир гардид. Бахшида ба рӯзи Президент аз 11 то 16 ноябр конференсияи илмӣ-амалии донишҷӯён дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон дар бунёди давлатдории навин» гузаронида шуд. Аз 18 то 23 ноябр як rатор конференсияҳои хурд бахшида ба рӯзи Парчами миллӣ доир гардиданд. Дар кори конференсияҳо ҳамаи устодони забони русӣ: М.Р. Назарова, Х.И. Хайрова, С.А. Хотамова, М.А. Холматова, З.И. Шарипова, О.А. Лысых, Д.Х. Султонова, Н.Ш. Алиева, Х.А. Халимова фаъолона иштирок намуданд, ки бо маърӯзаҳо баромад карданд, дар тайёр кардани маърӯзаҳои донишҷӯён роҳбарӣ намуданд. Пеш аз оғози ҳар як конференсия мудири кафедра, д.и.п., профессор У.Р. Юлдошев суханронӣ намуда, донишҷӯёнро ба пеш бурдани корҳои илмӣ даъват намуд. Дар машғулиятҳои забони русӣ тарбияи ахлоқию маънавии донишҷӯён мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Мақсади асосии доир намудани конференсияҳои мазкур низ аз ҳамин иборат буд. Маърӯзаҳо пурмуҳтаво буда, барои баланд бардоштани ҷаҳони маънавии донишҷӯён ва маълумоти бештаре пайдо намудан доир ба ҳаёт ва фаъолияти намояндаи адабиёти классикии тоҷику форс - Ҷалолиддини Балхӣ, баланд бардоштани рӯхияи ватанпарварӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ мусоидат менамоянд, инчунин ба рушди rобилиятҳои эҷодии онҳо саҳм мегузоранд. Баргузории чунин чорабиниҳои пурарзиш дар кафедраи забонҳои хориҷӣ анъана шудааст. Устодони кафедра кӯшиш ба ҳарҷ медиҳанд, ки на танҳо дарсҳои амалиро дар савияи баланд гузаронанд, балrи рӯҳияи маънавии донишҷӯёнро низ ғанӣ гардонанд.
26.12.2019     388

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php