«Рӯзи тиббӢ Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Аз санаи 18.12.2019 то 20.12.2019-ум сол «Рӯзи тиббӢ Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кафедраи травматология, ортопедия ва ҶҲС вохӯри бо д.и.т., профессор, узви – мухбири АИМ ҶҚ, корманди шоистаи Қазоқистон, лауреати мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи Аль – Фороби дар соҳаи илм ва техника Батпенов Нурлан Джумагулович гузаронида шуд. Инчунин таҳти роҳбарии д.и.т., профессор Қурбонов С.Х. конфронс дар мавзӯи «Дастовардҳои травматология ва ортопедия дар Ҷумҳурии Қазоқистон» баргузор гардид. Дар конфронс иштирок карданд: д.и.т., профессор Юнусов И.А., дотсент Шарипов М.А., ассистентҳо Наимов А., Назаров И.Р., Ҳасанов Б.Н., Абдуллоев М. ва ассистенти корҳои тарбиявӣ Аскаров А.Т., табибони интернатураи шӯъбаи травматология ва ортопедия, ва инчунин коргарони ММТ ҶТ «Шифобахш». Профессори Ҷумҳурии Қазоқистон дар шӯъба беморонро муоина намуд, машварат гузаронид ва инчунин тавсияҳои лозимаро пешниҳод намуд. Дар клиника санаи 19.12.2019сол ба бемор бо ташхиси «Коксартроз дараҷаи сеюм аз тарафи рост, бо контрактураи омехтаи буғуми косу рон», ҷарроҳии «Эндопротезкунии буғуми косу рон» гузаронида шуд. Инчунин як қатор шартномаҳо барои корҳои оянда ва ҳамкориҳо бо кафедраи травматология, ортопедия ва ҶҲС ДДТТ ба номи АбӮали ибни Сино ба имзо расонида шуд.
Ассистенти корҳои тарбиявӣ: Аскаров А.Т.
Д.и.т., профессори кафедраи травматология, ортопедия ва ҶҲС Қурбонов С.Х.
24.12.2019
325