Соли нави мелодӣ бо кӯдкони бечораву ниёзмандон ва ятиму бепарасторон кори хайру савоб аст

Соли нави мелодӣ бо кӯдкони бечораву ниёзмандон ва ятиму бепарасторон кори хайру савоб аст
Оиди гузаронидани чорабинии фарҳангию тарбиявӣ бахшида ба “Соли нави мелодӣ бо кӯдкони бечораву ниёзмандон ва ятиму бепарасторон кори хайру савоб аст”.
Мо донишҷӯёни Донишгохи Давлати тиббии Точикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, курси 5 гурӯҳи 6-уми факултети тиббӣ дар санаи 17.12.2019 бо таҳти роҳбарии дотсенти кафедраи тибби оилавии №2 н.и.т Мирзокалонова М.Ҷ ба аёдати МД хонаи кӯдакистони № 2 шаҳри Душанбе ташриф овардем . Аз тарафи донишчӯён Сангинов Ҳадятулло, Кодирова Дилбар либоси бобои барфин ва барфак пӯшида шуда, маҳфили фархангӣ бахшида ба соли нави мелоди бо рақсу бозиҳои шавқовар, сурудхони, рақс баргузор карда шуд. Ба кӯдакон ниқобҳои соли нави ва пуфакҳои ранго-ранг донишҷӯён тақдим карданд. Баъдан кӯдакони кӯдакистони №2 шеърхони ва раҳсу бозиҳо карданд ва бобои барфию барфак ба ҳамаи кӯдакон тӯфаҳои соли нави супориданд. Боз ба маъмурияти кӯдакистон шашка, урепча ва дастпоккунакҳои нам ёри расонида шуд аз тарафи донишҷӯён.
20.12.2019     389

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php