МОДАР- ФАРИШТАИ ЗАМИНӢ!

МОДАР- ФАРИШТАИ ЗАМИНӢ!
5- уми марти соли 2020 дар кафедраи тибби оилавии №2 бо роҳбарии дотсенти кафедра Мирзокалонова М.Ҷ. бо иштироки донишҷӯёни курси 5 гурӯҳи 39 чорабинии тарбиявию фарҳангӣ дар мавзӯи “ Модар - фариштаи заминӣ!” баргузор шуд. Мирзокалонова М.Ҷ. ҳамаи ҳозиринро бо “ Рӯзи -Модарон” табрик намуда, зикр намуданд, ки дар таърихи навини миллати тоҷик ҳамчунин санаҳо кам набуданд, аммо аз таҷаммули Истиқлол ин рӯзҳои ид шоистатар гардиданд: “моҳи март омаду баҳор ҳам сар шуд, ин як фасли сол чунон ҳам зебою форам мебошад, ки табиат аз нав зинда мешавад. Паррандахо аз лонаи худ берун сар мезананд ва месароянд, саҳроҳо сабза хуррамшуда гулҳои монанди бойчечак, сияҳгӯш аз таги барф дар кӯҳсорон сар мезанад, дарахтҳо муғча карда гул мекунанд. Дар ин фасли зебою дилафрӯз, дилнишин мо 2 иди баҳорро ҷашн мегирем. Яке иди Модарон - 8 март мебошад, ки дар ин рӯз иди модарон, хоҳарон ва гулдухтаронро ҷашн мегирем”.
Донишҷӯи курси 5, гурухи 39, Мамнуна чунин гуфт: Модар он сарчашмаи ҷӯшони ҳаёт аст, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад. Модар- моҳи дурахшон, офтоби зиндагист.
Нафаси модар насимест, ки оромишро дар ҷону тани мо ҷорӣ мекунад, сухани зебову дилнишин ӯ қалби моро ба тапишу туғён меорад.
Маҳина - “Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст.
Дар зери қудуми модарон аст”
Мафтуна –“Модаро, ҷони ширинамро фидоят мекунам,
Дар дилу дар дидаҳои хеш ҷоят мекунам.”
Нилфар – Ман садқаи пичаи сафедат, модар.
Қурбони садои барги бедат, модар.
Дар дасти дуои ту бувад хосили умр.
Ман садқаи чашми пурумедат, модар.
Бемодариро ятими танҳо донад. Бемодариро тифли таги по донад. Бемодариро шарики ғамҳо донад. Ман садқаи пичаи сафедат, модар.

06.03.2020     373

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php