Маҳфили илмӣ-клиникӣ

Маҳфили илмӣ-клиникӣ
Дар пойгоҳи кафедраи тибби оилавии №2, Маркази саломатии шаҳрии №15, 14 феврал маҳфили илмию клиникӣ дар мавзӯи «Бемориҳои узҳои ҳозима дар кӯдакон» гузаронида шуд. Тартибдиҳандагони конфронс гуруҳи 4-уми бахши 6, факултети педиатрӣ буда барои нишастагон маърӯзаҳо, презентатсияҳо, видеороликҳо ва викторинаи интеллектуалӣ тайёр намуданд.
Дар чорабинӣ бахшида ба «Бемориҳои узвҳои ҳозимаи кӯдакон дар фаъолияти табиби оилавӣ тез-тез вохӯранда», иштирок доштанд: мудири кафедра, н.и.т. Ёдгорова М.Ҷ., директории МСШ №15 Асфияева Ҳ.М., дотсентҳо н.и.т. Инъомзода Ҷ.И., н.и.т. Мирзокалонова М.Ҷ., ассистент Шамсутдинова Г.А., докторантҳои PhD Баротов И.И., Кабирзода Т.Д.
Донишҷӯ Юсупов А. дар оғози чорабинӣ оиди моҳияти донистани семиотикаи намудҳои асосии зарарбинӣ ва вайроншавиҳои узвҳои ҳозима байни кӯдакон дар фаъолияти табиби оилавӣ маълумоти мухтасар дода, суханро бонавбат ба ҳамкурсон дод: Атаҷонова Ш. – «Дискинезияи роҳҳои талхарон, иқдомҳои назоратӣ дар сатҳи авалия»; Салимова Н. – «Панкреатит дар кӯдакон»; Раҳматова Ф. – «Гастрит, пешгирӣ ва назорати диспансерӣ»; Нуралиева У. – «Захми меъда ва рӯдаи 12-ангушта, кӯмаки аввалия дар марҳилаи тобеморхонагӣ»; Рустамов П. – «Халаи рӯда дар кӯдакони синни то як сола».
Ширкати фаъолонаи донишҷӯёни дар толор нишаста дар посух ба саволҳои пешбинишуда (викторинаи интеллектуалӣ) натиҷаи бо диққат гӯш кардан ва аз худ намудани маърӯзаҳо ва презентатсияҳо ба ҳисоб меравад. Ҷавобҳои дуруст ба саволҳо бо шириниҳо аз тарафи гурӯҳи тартибдиҳанда мукофотонида шуданд.
Дар анҷоми маҳфили илмӣ омӯзгорони иштирок дошта баромад намуданд ва оиди сифати баланди маърӯзаҳою викторина гуфта гузаштанд.
М.П.Носирова, дотсенти кафедра, н.и.т
17.02.2020     291

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php