КОНСТИТУТСИЯ – САРЧАШМА ВА ТАҲКУРСИИ БУНЁДКОРӢ

КОНСТИТУТСИЯ – САРЧАШМА ВА ТАҲКУРСИИ БУНЁДКОРӢ

4 ноябри соли 2019 дар кафедраи тибби оилавии №2-и МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» зимни роҳбарии дотсенти кафедра Ҷ.И.Инъомзода бахшида ба таҷлили 25-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси донишҷӯён баргузор гардид.

Конфронсро донишҷӯёни гурӯҳи 26-и бахши VI-и факултети тиббӣ таҳти роҳбарии ассистенти ҷавони кафедра, докторанти PHD Имомалӣ Баротов омода сохта, бомуваффақият амалӣ гардониданд. Донишҷӯён Дилфуза Ашӯралиева, Мубориз Қурбонов ва Дилшод Бозоров намоишро ҳунармандона гузарониданд. Дар конфронс инчунин донишҷӯёни гурӯҳи 30-и бахши VI-и факултети тиббӣ ва гурӯҳҳои 30, 32, 33-и бахши V-и факултети тиббӣ фаъолона иштирок карданд.

Ба оғози Конфронс аз ҷониби аҳли толор сурудани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни тантана бахшид

Донишҷӯ Ойзода Темурова оид ба таърихи конститутсияҳои соир давлатҳо ва таърихи таҳияю қабул ва сохтори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯ Далер Тошев дар бораи тағйиротҳою иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯ Маҳкамбой Ҳусайнов оид ба масъалаҳои тиббию нигаҳдории тандурустӣ дар Конститутцияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронданд.

Қисми саволу ҷавоби маҳфил, ки санадҳои алоҳидаю мазмуни Конститутсияю Қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарбар мегирифтанд, ба ҷараёни маҳфил ҳусни гуворо бахшиданд. Ба аҳли нишаст – донишҷӯёни алалхусус фаъол бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз карда шуданд.

Дар маркази диққату муҳокимаи иштирокчиёни маҳфили фарҳангию тарбиявӣ баррасии вазифаҳое қарор доштанд, ки аз нутқҳою таълифоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд.

Дар муҳокимаи мавзӯъ инчунин мудири кафедра, н.и.т. М.Ҷ.Ёдгорова, дотсентҳои кафедра, н.и.т. М.П.Носирова ва н.и.т. М.Ҷ.Мирзокалонова иштирок карданд.

 

Ҷ.И.Инъомзода, дотсенти кафедраи тибби оилавии №2, номзади илмҳои тиб

 

05.11.2019     301

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php