ИСТИҚБОЛИ ИСТИҚЛОЛ
Конфронси донишҷӯён, 6 сентябри соли 2019
Дар арафаи таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи тибби оилавии №2-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳти роҳбарии дотсенти кафедра Инъомзода Ҷ.И. маҳфили донишҷӯён дар мавзӯи «Мафҳуми истиқлолият аз дидгоҳи табибони ҷавон» баргузор гардид. Дар гирдиҳамоӣ ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни бахшҳои V ва VI-и факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ, ки тадрисашон дар кафедраи тибби оилавии №2 воқеъ дар Маркази саломатии №15-и ш. Душанбе (Маҷмааи тандурустии Истиқлол) амалӣ шуда истодааст, фаъолона иштирок карданд.
Дотсенти кафедра Инъомзода Ҷ.И. дар сухани ифтитоҳии худ оид ба дастовардҳои имрӯзаи ҷомеа дар даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, аҳли толорро ба ибрози назар оиди ҳамин мавзӯъ даъват намуд.
Донишҷӯёни гурӯҳи 51-и бахши V-уми факултети тиббӣ Ӯразгул Насимова дар мавзӯи «Қадамҳои истиқлолият дар ҶТ», Шаҳром Устоев дар мавзӯи «Файзи Истиқлолият», Абдураҳим Сулаймонзода дар мавзӯи «Роғун – зодаи Истиқлолият» маърӯзаҳои презентатсионии хеле ҷолиб пешниҳод карданд.
Презентатсияҳои донишҷӯён Зевар Муродова (гурӯҳи 51-и бахши V-и факултети тиббӣ) ва Махмадфарид Сатторов (гурӯҳи 56-и бахши V-и факултети тиббӣ) ба мавзӯи мубрами «Равнақи илму амали тиб дар давраи Истиқлолият» бахшида шуд.
Дар муҳокимаи маърузаҳо донишҷӯён ва устодони кафедра фаъолона иштирок намуданд. Дар сархати ҳамаи маърӯзаҳо ва муҳокимаи маърузаҳо саҳм ва иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президети Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар устуворкунии Истиқлолияти миллӣ қайд карда ва ҳамчун роҳнамо барои насли навраси давраи Истиқлолият шинохта шуданд.
Дар маҳфил мудири кафедра н.и.т. Ёдгорова М.Ҷ., дотсентони кафедра н.и.т. Носирова М.П. ва н.и.т. Мирзокалонова М.Ҷ. иштирок карда, оид ба масъалаҳои мубрами тарбияи насли навраси табибони ҷавон дар фазои дастовардҳои давраи Истиқлолияти ҶТ сухан ронданд.
Маҳфилро дотсенти кафедра Инъомзода Ҷ.И. ҷамъбаст карда, сатҳи баланди мавзӯҳо ва тарзи пешниҳоди маводро қайд карда, зарурати чунин маҳфилҳоро дар инкишофи малакаҳои донишандӯзӣ ва баёни гӯёи донишҷӯён қайд кард ва ҳамаи иштирокчиёни маҳфилро бо Ҷашни 28-солагии Истиқлолияти ҶТ табрик намуд. Инчунин, ҳамчун иштирокчии бевоситаи Ҷаласаи Шӯрои Олии ҶСС Тоҷикистон (сентябри с. 1991), ки Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон карда буд ва Ҷаласаи таърихии ХVI-и Шӯрои Олии ҶТ, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи олии кишвар – Сарвари Шӯрои Олӣ ва Давлати ҶТ интихоб шуда буданд, муфассал нақл кард.
Кафедраи тибби оилавии №2
06.09.2019
173