Гузориш оид ба муҳокимаи паёми асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Гузориш оид ба муҳокимаи паёми асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи  Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд
Санаи 31 декабри соли 2019 дар пойгоҳи кафедраи тибби оилавии №2, маркази саломатии шаҳрии №15 таҳти роҳбарии ассистенти кафедра, Кабирзода Т.Д. бо иштироки фаъолонаи донишҷӯёни гурӯҳи 18-уми факултети тиббии бахши 6-ум чорабинии тарбиявию фарҳангӣ бахшида ба риояи риояи Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баргузор гардид. Барои падару модар касбу ҳунар ва одоби ҳамидаи фарзанд пояи ифтихор аст, ҳамин гуна тамоми паҳлӯҳои зиндагӣ ва фаъолияти ибратомӯзи падару модар ҳам барои фарзанд ифтихор мебошад. Аз ин рӯ таълиму тарбияи фарзанд яке аз бузургтарин вазифаи волидон ба ҳисоб меравад. Дар чорабинии мазкур дар мавзӯъҳои нақши падару модар дар тарбияи фарзанд, ғамхории фарзанд нисбати падару модар, оилаи солим аз нигоҳи ҷавонон ва табибон ва ғайра суханронӣ карда шуд. Донишҷӯён Абулфайзов Амонуллохоҷа, Афғонов Шамс, Хушвахтова Собира, Шукуров Шукрулло, Наҷмутдинов Тавакал видеороликҳо, презентатсияҳо, викторинаҳо, шеърҳо дар васфи падар ва модар ба нишастагон пешниҳод намуданд. Дар хотир бояд дошт, ки фарзандони имрӯзаи мо падар ва модари оянда хоҳанд шуд. Дурандеши карда, барои сазовори мақоми падар ва модари соҳибмаърифат шудани ҷигарбандонамон на танҳо ба ҷиҳати моддӣ ва молиявӣ, ҳамзамон ба ҷиҳатҳои маънавию маърифатнокии онҳоталош бояд варзид. Дар чорабини низ ширкат доштанд мудири кафедра. дотсенти кафедра, н.и.т., Ёдгорова М.Ҷ, дотсентони кафедра, н.и.т., Носирова М.П., Мирзокалонова М.Ҷ., Иномзода Ҷ.И., докторантони PhD кафедра Кабирзода Т.Д. ва Баротов И.И., донишҷӯёни факултети тибби курси 6-ум гурӯҳи 12-18 ва факултети педиатрӣ курси 6-ум гурӯҳи 4. 
Мудири кафедраи тиббии оилавии №2 ДДТТ ба номи Абӯ алӣ ибни Сино, н.и.т. М.Ҷ, Ёдгорова 
 Масьули бахши корҳои тарбиявӣ кафедра М.Ҷ. Мирзокалонова
04.01.2020     388

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php