Эҳтироми падару модар қарзи фарзандӣ
Дар пойгоҳи кафедраи тибби оилавии №2, Маркази саломатии шаҳрии №15, бо иштироки Ёдгорова М.Ҷ. – мудири кафедра, н.и.т., дотсенти кафедра, н.и.т. Носирова М.П., омӯзгорони кафедра Мукарамова Д.А., Асфияеа Х.М., Шамсутдинова Г.А., Баротов И. И. ва донишҷӯёни гуруҳҳои 47, 48, 51, 56 бахши панҷӯми факултети тиббӣ чорабинии тарбиявӣ- фарҳангӣ дар мавзӯи «Эҳтироми падару модар қарзи фарзандӣ» баргузор гашт.
Сардори гуруҳи 48 Атамов Наримон чорабиниро оғоз намуда, гуфт: «Падару модар сутуни хонадон ва такягоҳи фарзандонанд. Тифл, вақте ки ба олами ҳастӣ чашм мекушояд, аввал падару модари худро мебинаду ба онҳо меҳр мебандад. Худро дар канори онҳо ҳамеша хушбахт эҳсос мекунад ва намехоҳад, ки лаҳзае онҳо аз канораш дур бошанд».
Донишҷӯёни гуруҳи 48 Файзиев Сорбон ва Дустова Мичгона, Шарипов Фаридун ва Зайнудинова Гулафрӯз, Ғуфронов Умед ва Қурбонова Маҳина, Мирзоматова Мавзуна, Охмирзоева Маҳина ва Исобоев Муҳаммадҷон дар маърӯзаҳояшон шеърҳо дар мавзӯи дӯстдорӣ, қадршиносӣ, сипосгузориву меҳрубонӣ ва иззату эҳтироми падару модар қироат намуданд.
Боварам нест падар рафтиву хомуш шудӣ
Тарки мо кардиву бо хок ҳамоғуш шудӣ
Хонаро нур агар буд бо руҳсори ту буд
Ай чароғи дили ман, аз чи ту хомуш шудӣ.
Баҳор омад наёмад бӯи модар,
Шудам пазмони чашму рӯи модар,
Намеарзад ҳазорон навдаи гул
Ба як тори сафеди мӯи модар.
Мутаасифона, беэҳтиромӣ нисбат ба падару модар ва озурдани хотири эшон кори хатое, балки гуноҳест, ки бештар дар айёми ҷавонӣ содир мешавад. Ва маҳз дар ҷавонӣ ноогоҳона ва аз сари ҷаҳлу ғафлат волидонро меранҷонем, ба онҳо гап мегардонем, дилашонро мешиканем. Ёдовар шудани ин масъала ҳам ба ҳамин хотир аст, ки дар ҳурмату қадршиносии падару модар кӯтоҳӣ набояд кард.
«Маҳз ҳамин суханон моро водор месозанд, ки нисбат ба волидайнамон хушмуомилаву хушгуфтор бошем, ҳурматашонро ба ҷой орему дар айёми пирӣ дасти дуояшон бигирем, зеро рӯзе мерасад, ки мераванд бесарпаноҳ мемонем ҳаётамон тира мегардад, зиндагиамон дигар мешавад» - дар охир гуфт Файзиев Сорбон.
Дотсенти кафедраи тибби оилавии №2, н.и.т. Носирова М.П.