Донишҷӯн қоидаҳои истифода аз нақлиёти ҷамъиятиро муҳокима намуданд.

Донишҷӯн қоидаҳои истифода аз нақлиёти ҷамъиятиро муҳокима намуданд.
Дар кафедраи тибби оилавии №2-и МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» зимни роҳбарии устоди вобасташуда бахшида ба мавзӯи «Тартиби истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ дар ш. Душанбе ва масъулияти мусофирон» маҳфили донишҷӯён баргузор гардид. Маҳфилро донишҷӯёни гурӯҳи 61-и бахши V-и факултети тиббӣ таҳти роҳбарии сардори гурӯҳ Аврангзеб Нодирбоқиев ташкил карданд. Дар ҷараёни маҳфил донишҷӯ Нозанин Наҷмиддинова дар бораи тартиби дастраскунии кортҳои донишҷӯӣ, интизоршавии нақлиёти ҷамъиятӣ дар истгоҳҳо маълумот пешниҳод кард ва дар долони кафедра намоиш дод. Донишҷӯ Ҷасурбек Бӯриев тартиби саворшавӣ ба нақлиёти ҷамъиятӣ (фақат тавассути даромадгоҳи пеш), қайди корти нақлиётӣ, гузаштан ба самти дарҳои дуюм ва сеюми нақлиёт, ҳатмӣ будани фаромадан аз нақлиёт тавассути дарҳои дуюм ва сеюми нақлиёти ҷамъиятиро баён кард ва намоиш дод. Донишҷӯ Манучеҳр Каримов дар бораи эҳтимоли ҳолатҳои садамавӣ ва расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба мусофирон нақл кард ва ҳамроҳи донишҷӯён дар амал намоиш дод. Дар ҷамъбасти маҳфил саҳм ва нақши донишҷӯён дар тарғибу амалӣ кардани тартиби дурусти истифода аз нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ, омодагии мусофирон, алалхусус мусофирон-кормандони тиббӣ ва донишҷӯёни соҳавӣ дар таъмини кӯмакрасонии саривақти тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои садамавӣ таъкид карда шуд. 
 Инъомзода Ҷ.И., дотсенти кафедраи тибби оилавии №2
18.01.2020     257

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php