Чорабинӣ оид ба пешгирии коронавирус

Чорабинӣ оид ба пешгирии коронавирус
Дар Маркази саломатии шаҳрии №15, ки пойгоҳи кафедраи тибби оилавии №2 маҳсуб меёбад, чорабинии тарбиявию омӯзишӣ оид ба мавзӯи «Пешгирии эпидемияи сирояти вирусии COVID-19» гузаронида шуд.
Дар оғози чорабинӣ омӯзгори гурӯҳи 44, Носирова М.П. дар бораи тадбирҳои фаъоле, ки аз ҷониби давлати мо вобаста ба эпидемияи коронавирус дар ҷаҳон андешида мешаванд, хабар дод. Донишҷӯён – Нуров Валиҷон, Ясақиев Хайём, Авезов Сомон, Язова Айна ва Раҳмонова Гизилгул - дар баромадҳои худ маълумотҳо дар бораи этиопатогенези COVID-19, роҳҳои гузариш ва марҳилаҳои беморӣ, нишонаҳои клиникӣ ва тағйиротҳои натиҷаҳои тадқиқотҳои лабораторӣ ба нишастагон маърӯза карданд. Дар мубоҳисаи пурмуҳтавои ин мавзӯъ аз ҷониби донишҷӯён метавон оиди муҳимияти масъала ва огоҳии хуби доир ба ин беморӣ аз тарафи онҳо муайян карданд. Ва чун табибони оянда, албатта, донишҷӯён ба савол оид ба табобати ин сирояти вирусӣ таваҷҷӯҳ доштанд.
Омӯхтани фанни «Фармакологияи клиникии» дар пойгоҳи кафедраи Тибби оилавии №2 барои муайян намудани фармакотерапияи самараноки бемории сироятии COVID-19 шароити мусоид фароҳам меоварад.
М.П. Носирова, дотсенти кафедра, н.и.т.
17.03.2020     278

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php