Чашни 20-умин солгарди татбики принсипхои тибби оилави дар Чумхурии Точикистон
Имрўз яке аз ҷабҳаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистон –тибби оилавӣ ҷашни 20-солагии худро кайд менамояд, ки рушди он дар солхои вазнини баъди чанги шахрвандии кишвар огоз ёфта буд.
Бо дастгирии рохбари давлат, Пешвои миллат, Асосгузори сулху вахдати милли, мухтарам Эмомалии Рахмон, Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, дастгирии сармоягузарони «ШИТОЗ», Бонки рушд ва гайра дар чумхурии мо пойгоххои мустахками тайёрии мутахассисони тибби оилави ба воя расиданд, ки дар зиннахои тодипломи ва баъдидипломи омадаги мегиранд ва барои фаъолият намудани дар сатхи кумаки авалияи тиббию санитари фиристонида мешаванд.
Бахшида ба 20-умин солгарди татбики тибби оилави дар кишвар 22-ми ноябр Конфронси илмию амалии «Вазъият ва дурнамои рушди тибби оилави дар Чумхурии Точикистон» баргузор гардид, ки дар он масъалахои мубрами рушди кумаки авалияи тиббию санитарии барраси ва кадамхои минбаъда муайян карда шуданд. Дар баробари дастовардхои назаррас дар сохаи тибби оилави, дар мухлати начандон тулони яккатор камбудихо ва эродхо шунида шуд, ки дар оянда халу фасли худро такозо менамоянд ва дар рушди минбаъдаи тибби оилави мусоидат хоханд кард.
Диккати махсус ба тачхизонидани модию техники кафедрахои тибби оилави, бехтар сохтани барномахои таълими дар сатхи тайёрии дипломи ва баъдидипломи, омодагии назириявию амалии хайати профессорону омузгорон нигаронида шуд.
Дар раванди кори конфронси илмию амали корамандони кафедраи тибби оилавии №2, аз он чумла мудири кафедра, н.и.т. Ёдгорова М.ҷ., профессори кафедра, д.и.т. Бандаев И.С., дотсентон Иномзода ҷ. –н.и.т., Носирова М.П.-н.и.т., Мирзокалонова М.Ч.-н.и.т., ассистенти кафедра Хочиматова З.Ф. ширкати фаъолона варзида пешниходу дархостхои муфид оид ба рушди ояндаи тибби оилави дар ЧТ судманд пешниход намуданд.
Барои фаъолияти босамар ва сахми арзандаи дар татбик ва рушди тибби оилави дар кишвар бахшида ба 20-умин солгарди татбики принсипхои тибби оилави дар ЧТ аз номи Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии ЧТ кормандони кафедра Ёдгорова М.Ч., Бандаев И.С., Иномзода Ч. бо сипосномахо мукофотонида шудаанд.
Дотсенти кафедраи тибби оилавии №2 Носирова М.П.
24.11.2019
845