Баргузории маҳфил оид ба беҳдошти бемории “Рахит”

 Баргузории маҳфил оид ба беҳдошти бемории “Рахит”

Рӯзи 6-уми октябри соли 2020 дар кафедраи тибби оилавии №2, МД Маркази саломатии шаҳрии №12, таҳти роҳбарии д.и.т. профессори кафедра, Умарова 3.Қ. бо иштироки донишҷӯёни курси 6, гурӯҳи 6-уми факултети педиатрӣ дар мавзӯи “Бемории Рахит” маҳфили илмӣ-тарбиявӣ баргузор гардид. Дар маҳфил Абдураҳманова Уляна дар атрофи бемории мазкур, аз ҷумла беҳдошти беморӣ андешаронӣ намуд. Ҳамчунин дар маҳфил оид ба сабабҳо, патогенез, аломатҳои клиникӣ, роҳҳои ташхис ва табобати беморӣ маълумот дода шуд. Дар охир доир ба пешгирии гирифторшавӣ ба бемории мазкур тавсияҳо низ ироа гардиданд.

            Ёдовар мешавем, ки дар маҳфил мазкур дотсент Ёдгорова М.Ҷ. ва профессори кафедра Умарова З.Қ. низ андешаронӣ намуданд.

Мудири кафедра, н.и.т., дотсент :        Ёдгорова М.Ҷ. 

Профессори кафедра, д.и.т.:               Умарова З.Қ.

14.10.2020     310

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php