Фаъолияти илмӣ


Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра.
Дар давраи хеле кутоҳи фаъолияти кафедра теъдоди муаллимони дараҷаи илмӣ дошта нисбат ба воҳидҳои корӣ ва аз рӯи шумораи кормандони асосӣ аз 4,1% то 80,0 % расид. Мавзуъҳои илмии кафедра «Фишорбаландии хун ва ишемияи дил: хусусиятҳои онҳо, пешгирӣ, ташхис ва табобат дар шароити дармонгоҳ, дар таҷрибаи духтури оилавӣ» мебошад. Дигар мавзӯи илми дар кафедра ин равнақи тибби оилавӣ ва баланд бардоштани сифати кумаки аввалияи тибби дар муасссисахои КАТС, дар Чумҳурии Тоҷикистон аст. Натиҷаҳои кори илмии кафедра он аст,ки паҳншавии бемории фишорбаландии хун (ФХ) –ро дар байни 4500 нафар аҳолии шаҳри Душанбе омухта шуд. Омилҳои ин беморӣ ва дониш оиди ин беморӣ дар байни шахсони солхурдаву куҳансол омухта шуда, ба онҳо баҳо дода шуд. Омилҳои тиббиву иҷтимоӣ ва сифати сатҳи зиндагии беморон омухта шуд. Нишон дода шуд, ки омузиши бемории фишорбаландии хун дараҷаи пешгирии дуввумдараҷаи ин бемориро баланд мебардорад. Дар кори Маркази саломатии ш. Душанбе технологияи инновасионии “АСОРАГ” ( № 4201300267 аз 30 маи 2013) барои дарёфти бемории фишорбаландии хун дар байни аҳолии ш. Дуҳанбе ворид карда шуд.
Дар кафедра таҳти роҳбарии Қодирова Д.А. ду расолаи докторӣ ва шаш рисолаи номзади ҳимоя шуданд: рисолаи доктории Кодирова Д.А. «Хуручи фишорбаланди ва табобати он дар байни шахсонои солхурда вва калонсол»; рисолаи доктории Исомиддинов А.И. «Табобати ғайридоругии беморони фишорбаланди калонсол ва солхӯрда; рисолаи номзадии Мирзокалонова М.М., «Хусусиятхои ҷараёни бемории гипертония дар занони ҳомила ва табобати он дар фаъолияти табиби оилавӣ»; рисолаи номзадии Муродов Н.М., «Таъсири бемориҳои дарунӣ ба рафти бемориҳои мадданоки пӯст»; рисолаи номзадии Саидова Ж. С. «Фишорбаландӣ дар байни шахсони наврас ва ҷавон, табобати он дар фаъолияти табиби оилавӣ»; рисолаи номзадии Гафоров М.Г, «Баланд бардоштани сифати кумаки таббӣ ба беморони фишорбаланд, дар фаъолияти табиби оилавӣ»; рисолаи номзадии Сафохонов Д.С., «Пешгирии дуввум дараҷаи бемории фишорбаландии хун дар фаъолияти ҳамшираи оилавӣ»; рисолаи номзадии Эшонкулова Г.А., “Фишорбаландии хун ва баланд бардоштани сифати табобат дар байни занони синну соли баъди климактерӣ». Дар кафедра як рисолаи доктори ва ду рисолаи номзади дар мавриди ироиш карор доранд.
Корҳои чопии кормандони кафедра.
Аз тарафи кормандони кафедра 250 корҳои илмӣ чоп шудааст, ки аз онҳо ду китоби дарсии «Тибби оилавӣ», 3 монография, ду роҳнамо, ва 23 коркарди методӣ мебошад. Кормандони кафедра дар конфронсҳои илмӣ-амалӣ дар Ҷумхурӣ ва берун аз он: дар шаҳрҳои Маскав, Женева, Балтимор, Лондон, Тарту, Алмаато ва ғайра, фаъолона иштирок намуданд. Кормандони кафедра фаъолияти худро дар конфронсҳои солонаи илмӣ-амалии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино ва конфронсҳои солонаи олимони ҷавон ва донишҷӯён бахшида ба тибби оилавӣ, ки дар солҳои 2000 2017 барпо гаштаанд, нишон дода, зиёда аз 50 баромад карда, кориҳои илмии худро чоп карданд. Дар солҳои 2014 - 2017 дар конфронсҳои солона аввалин бор дар таърихи Донишгоҳ, сексияи “Тибби оилавӣ” ба кор шуруъ кард. Махфили илмии донишҷӯёни кафедра аз соли 2003 фаъолият мекунад. Иштирокчиёни фаъоли ин ҷамъият магистрони тибби оилавӣ, донишчҷӯёни курси 4 ва 5 Факултаи тиббӣ мебошанд. Ҳар моҳ дар ҷамъомад, иштирокчиёни махфил оиди мавзуъҳои илмӣ-тадкикотии худ баромадҳо мекунанд ва онҳоро муҳокима менамоянд. Аъзоёни махфил зиёда аз 30 номгуй фишурда ва мақолаҳо дар конфронсҳои олимони ҷавон ва донишҷӯёни Донишгоҳ чоп намудаанд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php