Суҳбат дар хобгоҳ
28-уми феврал кормандони кафедраи ТАБК (Касимова П. В.- ассистенти тарбиявӣ, Ҳомитова М.А - ассистенти таълимӣ, Муродова Ф.С – мутасаддӣ оид ба квотаи Президентӣ таҳсилкунанда, Муродов Ғ.З – ординатори клиникӣ ва Бобоев У.Х – интерни кафедра) дар хобгоҳи № 5 навбатдорӣ намуда, дар мавзӯҳои гуногун сӯҳбат гузарониданд. Аз ҷумла оид ба бемории сироятии “Коронавирус” ва роҳҳои пешгирӣ намудани ин беморӣ ассистенти тарбиявӣ маълумоти муфассал дода, ба саволҳои донишҷӯён оиди ин беморӣ дар миқёси олам зуд паҳншудаистода ҷавоб дод. Ҳамчунин дар мавзӯи “1 март- рӯзи интихоби вакилони халқ” ва иштироки фаъолона дар интихоботи дар пешистода корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Бояд гуфт, ки дар ин ҷамъомад зиёда аз 72 нафар донишҷӯёне, ки дар ҳамин хобгоҳ истиқомат мекунанд, иштирок карданд. Ғайр аз ин, кормандони кафедра утоқҳои хобгоҳро гардиш намуда, аз тарзи зисту зиндагии донишҷӯён бохабар шуданд. Навбатдорон аз тозагӣ ва тартиби ҳар як ҳуҷра дидан намуда, риоя намудани беҳдошти ҳолати зист маслиҳатҳо доданд. Дар охир бо донишҷӯдухтарон доир ба этикаи рафтору гуфтор ва тарзи либоспӯшӣ сӯҳбат гузаронида шуд.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона
02.03.2020
359