Рӯзи модарон

Рӯзи модарон
Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” санаи 3 марти соли 2020 аз ҷониби муаллими коромӯзи кафедра, мутасаддӣ оид ба квотаи Президентӣ - Муродова Ф.С. дарси кушод дар мавзӯи : “Рӯзи модарон” бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд, курсҳои 3-юми факултети тиббӣ гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯи гурӯҳи 2 Нарзизода Мафтуна ва Ғуломшоева Хуршеда пурмазмун пешкаш намуданд.
“Ҳамаи шумо – гулҳои ҳамешабаҳори боғи зиндагӣ ва дар симои шумо тамоми занону модарон ва бонувони мамлакатро бори дигар ба ифтихори бузургдошти Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям. Идатон муборак, модарону хоҳарон ва бонувони азиз!” 
 Эмомалӣ Раҳмон
Зан модар таровату ҳусни нотакрори зиндагӣ, ҳидоятгари ахлоқи нек, файзбахши меҳру вафо, муаррифгари халқу миллат, асоси саодатмандиву шукуфоӣ, бунёдгари ҷомеаи босаодат мебошад.
Мерасад форам ба гӯшам, аллаҳои модарам,

Зиндагӣ рангин бароям, бо дӯои модарам.

Равзаи ризвони ҷонам дар нигоҳи гарми ӯст,

Шодиҳои рӯзгори ман атоӣ модарам.

Бас кашад бори гарони заҳматамро субҳу шом,

Кист он, кӣ гӯяд ман чӣ кардам?, барои модарам.

Бо кадомин ганҷи олам, ранҷи ту бар мекашам,

Беҳтар аз ҳар ганҷи дунё, бе баҳои модарам.


Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона
06.03.2020     512

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php