Пешвои миллат – ояндаи мо

Пешвои миллат – ояндаи мо

Дар кафедраи ТАБК бо сардории дотсенти кафедра Абдуллаева Н. А. бо донишҷӯёни курси 3 гуруҳҳои 54-55 факултаи тиббӣ чорабинии кушоди фарҳангӣ дар мавзӯи “Пешвои миллат – ояндаи мо” гузаронида шуд. Донишҷӯ Маҳкамова Малоҳат ҳангоми ироаи маърузаи хеш, бо ишора ба мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати кишвар, қайд намуд, ки мардуми кишварамон суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буданд: “Ман барои Шумо сулҳ меоварам”, “То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам”, “То ки бошам барои миллатам, барои халқам, барои давлатам хизмат мекунам” - хуб дар хотир доранд.

Ту омадӣ ба майдон, эй Пешвои миллат,

Гаштӣ ба рӯзи сахтӣ мушкилкушои миллат.

Эй қахрамони миллат,

Зӯру тавони миллат...

Бо иродаи Сарвари давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳҳо ва барои робита бо кишварҳои хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат, 

Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат! 

                                                                   Кафедраи ТАБК

12.10.2020     1464

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php