Навбатдорӣ дар хобгоҳи № 5
Мувофиқи нақшаи навбатдории дар хобгоҳҳо, ки аз тарафи ректори МДТ ‘’ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино’’ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. тасдиқ карда шудааст, санаи 31-ми январи соли 2020 кормандони кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона (Касимова П.В. – ассистенти тарбиявӣ, Ҳомитова М.А.- ассистенти таълимӣ, Астанақулов С.Р.- ассистенти хоҷагидории кафедра, Муродов Ғ. З.- ординатори клиникӣ ва Бобоев Улуғбек – интерн) дар хобгоҳи № 5 навбатдорӣ намуда, дар мавзӯҳои гуногун, аз он ҷумла: “Терроризм ва экстремизм” дарси тарбиявӣ гузаронидаанд. Дар маҷлис 32 нафар донишҷӯёне, ки дар ҳамин хобгоҳ истиқомат мекунанд иштирок кардаанд. Ғайр аз гузаронидани соатҳои тарбиявӣ кормандони кафедра утоқҳо, ошхона ва роҳравҳои хобгоҳро гардиш намуда, мушоҳида карданд, ки тарзи зисту зиндагии донишҷӯён хубтараст ва онҳо дар толори хониш ба дарсазхудкунӣ машғул буданд. Дар охир ба донишҷӯён барои хуб ва дуруст истифода бурдани таҷҳизотҳо, ботартиб ва тоза нигоҳ доштани утоқҳо дар хобгоҳ тавсия дода шуда буд.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кўдакона
03.02.2020
252