Навбатдорӣ дар хобгоҳи №5 аз тарафи кормандони кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”

Навбатдорӣ дар хобгоҳи №5 аз тарафи кормандони кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”
Мувофиқи нақшаи навбатдорӣ дар хобгоҳҳо, ки аз тарафи ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. тасдиқ карда шудааст, 27-уми марти соли 2020 кормандони кафедраи ТАБК (Касимова П. В. - ассистенти тарбиявӣ, Ҳомитова М.А - ассистенти таълимӣ, Астанақулов С.Р. – ассистенти хоҷагӣ) дар хобгоҳи № 5 навбатдорӣ намуда, дар мавзӯҳои гуногун сӯҳбат гузарониданд. Аз ҷумла оид ба бемории сироятии “Коронавирус” ва роҳҳои пешгирӣ намудани ин беморӣ ассистенти тарбия маълумоти муфассал дода, корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди риоя намудани қоидаҳои пешгирии коронавирус дар хона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, риоя намудани гигиенаи шахсӣ ва ба саволҳои донишҷӯён оиди ин беморӣ дар миқёси олам зуд паҳншудаистода ҷавоб дод. Бояд гуфт, ки дар ин ҷамъомад зиёда аз 60 нафар донишҷӯёне, ки дар ҳамин хобгоҳ истиқомат мекунанд, иштирок карданд. Ғайр аз ин, кормандони кафедра утоқҳои хобгоҳро гардиш намуда, аз тарзи зисту зиндагии донишҷӯён бохабар шуданд. Навбатдорон аз тозагӣ ва тартиби ҳар як ҳуҷра дидан намуда, роҷеъ ба риояи гигиенаи ҳолати зист маслиҳатҳо доданд. Дар рафти тафтиш навбатдорон аз китобхона, ошхона ва хоҷатхонаи хобгоҳ дидан намуда, оид ба риояи қоидаҳои санитарӣ ва бехатарӣ дастур доданд.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона
01.04.2020     430

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php