Навбатдорӣ дар хобгоҳи № 5 аз тарафи кормандони кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”

Навбатдорӣ дар хобгоҳи № 5 аз тарафи кормандони кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”
Мувофиқи нақшаи навбатдорӣ дар хобгоҳҳо, ки аз тарафи ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” д.и.т., профессор Гулзода М. Қ., тасдиқ карда шуд, 29-ми ноябри соли 2019 кормандони кафедраи ТАБК (Ҳомитова М.А. – ассистенти таълимӣ, Астанақулов С. Р. - ассистент оид ба хоҷагидории кафедра ва Муродов Ғ.З.- ординатори клиникӣ) дар хобгоҳи №5 навбатдорӣ намуда дар мавзӯҳои гуногун, аз ҷумла: “Рӯзи Парчами миллӣ”; “Некӣ бимонад ҷовидон”; “Истиқлолияти энергетикӣ омили раҳоӣ аз буҳрони иқтисодӣ: НОБ и Роғун умедбахши рӯзгори мардуми тоҷик”, “80 солагии МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” дарсӣ тарбиявӣ гузаронидаанд. Бояд гуфт, ки дар ин ҷамъомад зиёда аз 50 нафар донишҷӯёне, ки дар ҳамин хобгоҳ истиқомат мекунанд иштирок карданд. Ғайр аз гузаронидани соатҳои тарбиявӣ кормандони кафедра утокҳои хобгоҳро гардиш намуда ва мушоҳида карда шуд, ки тарзи зисту зиндагии донишҷӯён хубтар аст ва онҳо аз ҷунин навбатдориҳои кафедраҳо изҳори минатдорӣ намуданд. Бо донишҷӯён суҳбатҳо оид ба тайёрии имтиҳонҳои дар пешистода гузаронида шуд. Дар охир ба донишҷӯён барои хуб ва дуруст истифода бурданӣ таҷҳизотҳо, ботартиб ва тоза нигоҳ доштани утокҳо дар хобгоҳ тавсия дода шуд. Дар вақти навбатдорӣ ягон қонунвайронкунӣ аз тарафи донишҷӯён дида нашуд.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона
02.12.2019     265

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php