Навбатдорӣ дар хобгоҳи №4 аз тарафи кормандони кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”

Навбатдорӣ дар хобгоҳи  №4 аз тарафи кормандони кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”

Мувофиқи нақшаи навбатдорӣ дар хобгоҳҳо, ки аз тарафи ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. тасдиқ карда шудааст, 7-ми октябри соли 2020 кормандони кафедраи ТАБК (Касимова П. В.- ассистенти тарбиявӣ, Ҳомитова М.А - ассистенти таълимӣ, Муродова Ф.С – мутасаддӣ оид ба донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда, Муродов Ғ.З – муаллими коромӯзи кафедра) дар хобгоҳи № 4 навбатдорӣ намуда, дар мавзӯҳои гуногун сӯҳбат гузарониданд. Аз ҷумла оид ба бемории сироятии “Коронавирус” ва роҳҳои пешгирӣ намудани ин бемори ассистенти тарбия маълумоти муфассал дода, ба саволҳои донишҷӯён оиди ин беморӣ дар миқёси олам зуд паҳншудаистода ҷавоб дод. Ҳамчунин дар мавзӯи “11 октябр – рӯзи интихоботи Президенти ҶТ” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Бояд гуфт, ки дар ин ҷамъомад зиёда аз 52 нафар донишҷӯёне, ки дар ҳамин хобгоҳ истиқомат мекунанд, иштирок карданд. Ғайр аз ин, кормандони кафедра утоқҳои хобгоҳро гардиш намуда, аз тарзи зисту зиндагии донишҷӯён бохабар шуданд. Навбатдорон аз тозагӣ ва тартиби ҳар як ҳуҷра дидан намуда, роҷеъ ба риояи беҳдошти ҳолати зист маслиҳатҳо доданд. Дар охир бо донишҷӯдухтарон доир ба этикаи рафтору гуфтор ва тарзи либоспӯшӣ сӯҳбат гузаронида шуд. Дар рафти тафтиш навбатдорон аз китобхона, ошхона ва хоҷатхонаи хобгоҳ дидан намуда, оид ба риояи қоидаҳои санитарӣ ва бехатарӣ дастур доданд.

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона

08.10.2020     250

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php