Муаллим сарвару саркори инсон...

Муаллим сарвару саркори инсон...
Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона 5-уми октябри соли 2019 бахшида ба Рӯзи омӯзгор “ Қадри устодат бидон, то қадри худ орӣ ба ҷо” дарси тарбиявӣ бо иштироки тамоми омӯзгорон ва донишҷӯёни курси 3-юми гурӯҳҳои 1, 4 ва 19-уми факултети тиббӣ гузаронида шуд. Маърӯза, саҳнача, қироати шеър ва наворҳои видеоӣ дар васфи омӯзгор аз тарафи донишҷӯёни гурӯҳҳои дар боло зикр шуда, аз ҷумла Ғайбуллоева М., Исоева М., Кабиров А, Ҷабборова Т., Наимзода М. ва Нуралиева У. пурмазмун пешкаш намуданд.
Салом эй, ки диламро ба нур пайвастӣ,
Салом эй, ки ҷаҳон аз таҷалият зебост.
Салом эй, ки сукунат сукуни кавкабҳост,
Салом эй, ки навоят навои боронҳост.
Имрӯз дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон касби пӯршарафи омӯзгоронро ҷашн гирифта истодаанд. Омӯзгори ин касби пӯршараф ва меҳнатталаб ҳаст. Омӯзгор мисли шаъм худ месӯзаду ба мо равшаниро медиҳад ва ҳар яки мо инро бояд қадр кард, ки беҳуда нагуфтаанд:
Дар базми ишқ шамъи фурӯзон муаллим аст,
Мардум чу пайкаранд агар, ҷон муаллим аст.
Он боғбони гулшани андешаҳои жарф,
Парвардигори рӯҳи ҳакимон муаллим аст.
Муаллим - зери ин калимаҳои бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат таҷассум меёбад. Муаллим шахси барумандест, ки инсонро аз хӯрди илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Ӯ бузург шахсест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад, тавре гуфтаанд:
Муаллим сарвару саркори инсон,
Муаллим номбардони азизон.
Ба даҳри беҳуду оламу даҳр,
Муаллим ҷамъи ахбори парешон.
Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест. Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси рӯҳии инсон аст. Тавре, ки муҳандис наќша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи халқ мегӯянд, яъне омӯзгор ибрат омӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамашон саропо ибрати соҳиб дилон аст.
Сари таъзим меорам ба номат ман,
Кӣ аз ту гаштаам шогирди доное.
Кӣ аз ту гаштаам умре ба қиммат дар ҳама ҷое,
Кӣ аз ту фахр дорам ман, ки буди солҳо омӯзгори меҳрафзое.
Омӯзгор ин ҳунар аст, ишқ аст, ҷилло ҳаст. Саломат гуфтам паёмам доди паёмат чароғи роҳи зиндагиям шуд ва маро ба сарзамини нуру огоҳи ҳидоят кардӣ. Эй оинаи тамомнашои ишқу муҳаббат ҳар рӯзат муборак бод! Идатон муборак ҳамкасбони азиз!
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона
1
2
07.10.2019     4083

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php