Муҳити тозаи экологӣ - гарави саломатӣ

Муҳити  тозаи  экологӣ -   гарави  саломатӣ
Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” 19 феврал аз ҷониби ассистенти кафедра - Бобоева Х.А. дарси кушод дар мавзӯи : “Муҳити тозаи экологӣ - гарави саломатӣ” бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббӣ гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯёни гурӯҳи 15-ум Ҳошимова Ҳ. ва Ҳусейнова Л. пурмазмун пешкаш намуданд.
Саломатии одам ҳамчун намуди биоиҷтимоӣ на танҳо категорияи биологӣ, балки нишондиҳандаи асосии инкишофи ҷамъият дониста мешавад. Бинобар ин саломатиро ҳамчун боигарии ҷамъият на танҳо мафҳуми иҷтимоӣ, балки экологӣ дида баромадан лозим аст. Мувофиқи муайянкунии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ саломатӣ ин беҳбудии вазъияти пурраи ҷисмонии руҳӣ ва иҷтимоии одам дониста мешавад. Вазъияти одам ба якчанд аломатҳо тавсиф карда мешавад, ки муҳимтаринашон ниҳоянд:
1. Ба касалӣ гирифтор шудан.
2. Фавт шудан.
3. Давомнокии миёнаи ҳаёт.
4. Инкишофи ҷисмонӣ ва рӯҳӣ.
5. Маъюбӣ.
6. Ҳаловати психологӣ.
7. Дараҷаи некуаҳолии иҷтмоӣ.
Саломатии одамро ба андозаи муайян сифати ҳаёт муайян месозад. аммо то ин рӯз меъёри муайяни аз тарафи умум қабул шудаи ташрифи сифати ҳаёт мавҷуд нест. Аввалин маротиба тавсифи умумии мафҳумро олимони шветсия П. Леви ва П. Андерсон дар конференсияи умумии ҷаҳонӣ соли 1974 дар бораи ҷойгиршавии нуфузи аҳолӣ пешниҳод кардаанд.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона
24.02.2020     290

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php