Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” санаи 5 октябри соли 2020 аз ҷониби ассистенти таълимӣ – Ҳомитова М.А. дарси кушод дар мавзӯи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курсҳои 3-юми факултети тиббӣ гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯи гурӯҳи 3-юм Таѓойзода Лола пурмазмун пешкаш намуд.
Зеро барои ҳифзи соҳибистиқлолии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандии муосир, оила ҳамчун мактаби аввалини рӯзгор нақши назаррас дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо асоси ҷамъият дониста, дар зери ҳимояи давлат будани онро кафолат медиҳад. Барои солим будани оилаҳо, рафъи косташавии маърифати оиладорӣ талошҳои давлат, ҷамъият, муассисаҳои таълимӣ ва шахсони мансабдор. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (муносибатҳои вобаста ба никоҳ ва оила), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф (вобаста ба вазиваҳои волидон дар таълиму тарбия), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳатто Кодекси ҷиноятӣ ва граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Рудакии бузург дар ин маврид барҳақ мефармояд:
Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Конститутсияи ҶТ ин як аз чорчӯбаи қонуни ҶТ ба ҳисоб рафта, барои ҳар як шарҳрванди ҶТ, ки раванди кор ва фаъолият аз ҳамин вобастагӣ дорад, муҳим аст. Оилаи солим ҷомеаи солимро ташкил медиҳад. Агар аз рӯзҳои нахусти тарбияи оилавӣ дуруст ба роҳ монда шавад, зинаҳои дигари тарбия бо муваффақият пеш меравад. Вагарна, тамоми кӯшишу заҳматҳои волидон бар абас меравад.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона