“Худшиноси аз шинохти худ сарчашма мегирад”
Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кўдакона санаи 30 сентябри соли 2019 бахшида ба “Худшиноси аз шинохти худ сарчашма мегирад” дарси тарбиявӣ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни курсҳои 2-ми гурўҳи 1 ва 3-юми гурўҳи 1 факултети педиатрӣ гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯи курси 3-юми гурӯҳи 1-уми факултаи педиатрӣ Ҷумъаева Саёҳат пурмазмун тайёр намуд.
Зи сад анҷом як оғоз беҳтар,
Зи сад хомӯши як овоз беҳтар.
Худоро мешиносӣ, хамдулиллоҳ,
Агар худро шиносӣ, боз беҳтар .
Лоиқ Шералӣ
Худшиноси яке аз арзишхои эҷодкардаи инсон аст. Зеро он дар ҳалли бунёдкорӣ, инсонро хамсафар гардида, ба бузургдошти арзишҳои суннати хидоят мекунад. Шинохтан пояи устуворест, ки ҳар миллат мавҷудияти худро дар канори хонаводаи миллатҳои муҳталифи чаҳон барои эҳтиром нишон медиҳад.
Кӣ бошам ман? Маро аз ман хабар кун,
Чӣ маьни дорад, андар худ сафар кун.
Мувофқи мазмуннокии талаботи байти боло ҳар фардро лозим аст, ки қабл аз мушоҳидаи сафари воқеии таьрих ба ин ё он самт ба вуҷуди хеш сафар кунад, гузаштаи дуру наздики худро барои ояндабини оина кунад, аслу насаби хешро дарёбад, дар зиндагии як-ду рӯзаи худ кадом рисолатро адо кунад, бояд донад, худ дидаву дониста ба пои тафаккури тахлиливу танқидии хеш теша назанад, худро мисли иҷборан манкуртшудагон «лангандеша» насозад. Зеро маърифатноки худшиносиву худогоҳии ҳар як фарди ҷомеа ба таълиму тарбияи дурусти дар руҳияи миллӣ ба роҳ монда вобаста мебошад. Ҳар як миллатро шахсиятҳои бонангу номус ва ватандӯстӣ он обод намуда дар тараққиёти он саҳм мегузорад. Бисёр хуб устод Лохутӣ гуфтааст: Тараққиҳои ҳар миллат самар аз ҳиссашон бошад. Талоше, ғайрате, ҳиссе, шумо ҳам миллатед охир! Яке аз роҳҳои зуд ба худшиносӣ ва асолати миллӣ расидани мардуми тоҷик ин, пеш аз хама, омухтани осори гузаштагон мебошад. Дар осори гузаштагон қимати ҳар як санги ватанро дарк кардан мумкин аст. Гузаштаи миллат, нишебу фарозҳои онро дониста, баҳри ояндаи он бояд талош варзид. Чунки гузашта оинаи сабақ аст. Таърихи миллати худ, урфу одат, одобу рафтор умуман тамоми хусусиятҳои миллии кишвари худро донистан ва баҳри ободии он фидокор будан нишонаи худшинос будан аст. Худшинос будан низ нишонаи ватандорист.
Инсони хештаншинос танҳо бо донистани таъриху фарҳанги миллати худ махдуд нашуда, дорои чаҳонбинии васеъ ва аз фарҳанги халкҳои дигар низ бояд огох бошад. Беҳтарин дастовардҳои ҷаҳониро омухта, барои пешрафти миллати худ истифода намояд. Чуноне, ки Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: “Худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ ҳаргиз маънои онро надорад, ки худро ба дигар халкҳо муқобил гузорем, зеро ҳар халқ дар таърих мақому манзалати хос дорад, мувофиқи шароити ҷуғрофию таърихии хеш дар тамаддуни башари саҳм гирифтааст”.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона
02.10.2019
3857