Интихобот- нишонаи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон

Интихобот- нишонаи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон

Дар Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” аз ҷониби муаллими коромӯзи кафедра, мутасаддӣ оид ба квотаи Президентӣ Муродова Ф. С. дарси кушод дар мавзӯи “Интихобот нишонаи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон” бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд, доир гашт. Донишҷӯи курси 3-юм Салмонов Аюбҷон баҳри ҷамъомадагон маърӯзаи пурмазмун пешкаш намуд.

      Санаи 11 октябри соли 2020 дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва тамоми деҳот рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст. Овоздиҳӣ дар ин рӯз ба номзади арзанда, ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафаре, ки аз миёни халқ бархосту бо халқ монд, ба нафаре, ки пиндору гуфтору рафтори нек дорад, ояндабину меҳрубон аст, ба нафаре, ки аз хурд то бузург ҳама эҳтиромаш доранд, миллатро эҳтиром бигзошту халқ эътирофаш кард, фарзанди фарзонаи миллат, меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст, ба нафаре, ки аз барои халқу давлат ҳамеша дар сафи пеш буд, ба нафаре, ки дар такя бо азму талоши халқи азизаш диёрро обод менамояд, ба нафаре, ки аз иқдомҳо ва амалҳояш ҳама ибрат мегиранд, дасти сахо дораду ятимпарвар аст, ба нафаре, ки миллатро дӯст медорад, самимиву инсондӯст аст, ба нафаре, ки муҳҳабат ба хоки Ватан дорад, давлатсозу сарвари олиҳиммат аст, азми халқи тоҷик аст. Овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот аз соати 6.00 то соати 20.00 ба вақти маҳаллӣ гузаронида мешавад. Комиссияи минтақавӣ вақту ҷои овоздиҳиро ба интихобкунандагон 10 рӯз пеш аз интихобот хабар медиҳад. Минтақаҳои интихоботӣ ҳатто дар санаторияву хонаҳои истироҳатӣ, беморхонаҳо, муолиҷагоҳҳои дигари доимӣ, ҳамчунин дар маҳалҳои дурдаст ва душворгузар ташкил карда шудаанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи интихобот синнашон ба 18 расидааст, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоиӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро доранд. Шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро надоранд. Интихобкунандагон дар асоси ҳуқуқи баробар дар интихобот иштирок мекунанд ва ҳар кадоми онҳо ҳаққи як овоз доранд. Ҳар интихобкунанда, шахсан, худаш овоз медиҳад ва ба ҷои шахси дигар овоз додан манъ аст. Додани зиёда аз як бюллетен ба интихобкунанда манъ аст. Бюллетенҳои интихоботро ба интихобкунандагон комиссияи дахлдори интихобот дар асоси руйхати интихобкунандагони минтақаи интихоботӣ баъди нишон додани шиноснома ё шаҳодатномаи дигари тасдиқкунандаи шахсияти интихобкунанда медиҳад. Ҳар интихобкунанда дар бюллетени интихобкунандагон дар муқобили насаби худ имзо мекунад. Бюллетенҳои интихоботро интихобкунандагон дар ҳуҷра ё хонаи овоздиҳии пинҳонӣ пур мекунанд. Ҳангоми пур кардани бюллетен ғайр аз шахси овоздиҳанда дар ҳуҷра ҳозир будани каси дигар манъ аст. Интихобкунанда дар бюллетени интихобот дар квадрати холӣ дар муқобили насаб, ном ва номи падари номзад, ки ба тарафдориаш овоз медиҳад, аломати ҷамъ “+” мегузорад ва ба қуттии интихобот меандозад. Интихобкунандагон дар биноҳои махсусе овоз медиҳанд, ки бо теъдоди кофии ҳуҷра ё хонаҳои барои овоздиҳии пинҳонӣ таҷҳизонидашуда, ҷой додани бюллетенҳои интихобот муайян карда, қутиҳои интихобот гузошта шудаанд. Ба интихобкунандагоне, ки бинобар вазъи саломатӣ ва дигар сабабҳо ба бинои овоздиҳӣ шахсан ҳозир шуда наметавонанд, комиссияи минтақавии интихобот мувофиқи хоҳиши онҳо ба яке аз аъзоёни комиссия супориш медиҳад, ки овоздиҳиро дар ҷои истиқомати ҳамин интихобкунандагон ташкил намоянд, ки ин ҳолат дар руйхати интихобкунандагон қайд карда мешавад. Комиссияи минтакавии интихобот барои ташкили овоздиҳӣ, махфӣ доштани изҳори хоҳиши интихобкунандагон, таҷҳизонидани бино ва риоя шудани тартиботи зарурӣ масъул мебошад.

Кафедраи таълими асосњои бемориҳои кӯдакона

10.10.2020     327

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php