Дарси кушод оид ба паёми Пешвои миллат

Дарси кушод оид ба паёми Пешвои миллат
Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” санаи 15 феврали соли 2020 аз ҷониби муаллими калони кафедра - Хоҷаева О.Т. дарси кушод дар мавзӯи: “Иқтибосҳо аз паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба соҳаи тандурустӣ” бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курсҳои 3-юми факултети тиббӣ гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯи гурӯҳи 18 Суҳроби Рустам пурмазмун пешкаш намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон қайд карданд, ки мо ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ диққати махсус дода, тайи як сол садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббиро бунёд ва мавриди истифода қарор додем. Барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии он тамоми шароитро фароҳам оварем.
Ба ақидаи бузурге барои нест кардани давлат ё миллат, бояд 3 амалро иҷро кард. Якум- ҳокимашро қатл бояд кард, дуюм- ҳакимашро куштан лозим меояд ва сеюм- ҳаммомашро вайрону валангор кардан мебояд. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки саломатии миллат ин боигарӣ ва пешравии давлату ҷомеа мебошад.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона
18.02.2020     320

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php