Корҳои табобатӣ ва машваратӣ.

Мутассадии корҳои табобатии кафедра н.и.т. Қувватов Х.Р. мебошад. 75%-и кормандони кафедра дорои дараҷаи тахассусии олӣ ва 2 нафар аълочии стоматологияи ҶТ мебошанд. Корҳои табобатӣ дар шуъбаи ортопедии МТК «Стоматология»-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино,ки пойгоҳи клиникии кафедра ба ҳисоб меравад гузаронида мешавад.
Ҳамаи кормандон мувофиқи мавзӯҳои таълимӣ ва илмӣ ба табобати ортопедии беморони дорои нуқсонҳои ҷузъӣ ва пурраи дандонҳо ва қатори дандонҳо, инхироф ва деформатсияи системаи ҷоғу рӯй бо истифодаи усулҳои муосири барқароркунии дандонҳо,қатори дандонҳо,нуқсонҳои рӯй ва ҷоғҳо машғул мебошанд.
Устодон сарбории табобатиро дар ҳаҷми 0,5 ҳаҷми воҳиди кории стоматолог-ортопед иҷро мекунанд. Онҳо ҳама намуди протезҳои дандонии муосирро тайёр намуда ба беморон ёрии стоматологии баландихтисос мерасонад. Хусусан протезҳои бюгелии мураккаб, протезҳои гирифташавандаи пурра дар ҷоғҳои бедандон ба дараҷаи баланди касбӣ тайёр карда мешаванд. Натиҷаи кори пурмаҳсули устодони кафедра мебошад,ки аз тамоми гӯшаю канори кишварамон ба МТК «Стоматология»-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои машварат ва табобат муроҷиат мекунанд.
05.02.2020     19

Гузариш ба саҳифаи: